Гурӯҳи корӣ барои андешидани чораҳои амниятӣ дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон ташкил мешавад

Намояндаи Русия дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ эълом кард, ки моҳи оянда барои андешидани тадобири бештари амниятӣ дар марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон як гурӯҳи корӣ ташкил хоҳад шуд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Виктор Василев, намояндаи Русия дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ изҳор дошт, ки баҳси андешидани тадобири бештари амниятӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон бо коршиносони ин созмон идома дорад.

Вай афзуд, эҳтимоли ба вуҷуд омадани танишҳо дар ин марзи муштарак вуҷуд дорад.

Намояндаи Русия дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба Спутник гуфт, қарор аст дар нишасти ояндаи гурӯҳи корӣ рӯи буҷети мушаххасе барои ҳифозат аз марзи Тоҷикистон мувофиқат шавад.

Василев пеш аз ин изҳор дошта буд, кишварҳои ғарбӣ аз гурӯҳҳои мустақар дар Афғонистон барои зарба задан ба амнияти марзҳои Русия истифода мекунанд.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ тайи солҳои ахир дастикам се бор дар имтидоди марзи Тоҷикистону Афғонистон размоиши низомӣ баргузор кардааст.

Ин созмон дар яке аз ин размоишҳо вуруди эҳтимолии террористҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистонро шабеҳсозӣ карда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад