Омодагии Эрон барои партоби моҳвораи кишварҳои дигар

Вазири иртибототи ҶИЭ ибрози умедворӣ кард, ки то ду соли оянда як моҳвораи кишвари дигарро аз хоки Эрон ба фазо партоб кунанд ва амалӣ шудани онро муваффақияти бузурге барои санъати фазоии Эрон эълон кард. Эрон, имрӯз, ҷузъи 10 кишвари дорои фанноварии фазоии бумӣ бо қобилияти сохт ва партоби моҳвора аст ва дар ду соли гузашта 11 моҳвора партоб кардааст.

Исо Зореъпур вазири Иртиботот ва фанноварии иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон, дирӯз дар ҳамоиши Рӯзи миллии санъати фазоӣ изҳор кард: “Имрӯз, ҷузъи 10 кишваре ҳастем, ки фанноварии фазоиро ба сурати комил бумӣ кардаем, ба тавре ки дар ҳоли ҳозир пойгоҳи партоб, моҳвораҳои дохилӣ, озмоишгоҳ, маркази дарёфти иттилоот ва ҳатто партобгарҳои бумӣ дорем ва ба нуқтае расидаем, ки бо боварӣ моҳвораи амалиётиро дар фазо қарор медиҳем”.

Ӯ, бо ишора ба ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҷое расидааст, ки метавонад озмоишгоҳи фазоӣ дошта ва бархе умурро дар фазо тест ва озмоиш кунад, изҳор кард: “Дар 2 соли гузашта ба таври куллӣ 11 партоби моҳвора доштем, ки баробар бо як даҳа партоб дар гузашта будааст ва Ин шоа Аллоҳ бо ҳамин шитоб пеш хоҳем рафт”.

Зореъпур, бо баёни ин ки барномаи 10-солаи санъати фазоӣ чароғ ва нақшаи роҳи санъати фазоии кишвари Эрон аст, гуфт: “Ба дунболи дастёбӣ ба “Lae Geo” ҳастем ва мехоҳем санъати фазоиро ба санъати иқтисодӣ табдил кунем ва умедворем то ду соли оянда як моҳвораи кишвари дигарро аз хоки Эрон ба фазо партоб кунем ва агар ин иттифоқ рух диҳад, муваффақияти бузурге аст ва ҳатто метавон мисли кишварҳои дигар ин партобро бима кард”.

Вай дар бораи баҳрамандӣ аз нухбагони фазоӣ ва ҳимоят аз ин санъати муҳим гуфт: “Нигаҳ доштан ва истифода аз нухбагон бисёр аҳамият дорад ва бо ҳузури онон дар санъати фазоии кишвар мавҷе аз неруҳои мутахассис дар санъати фазоӣ шакл хоҳад гирифт”.

Ёдовар мешавем: Аз якум то ёздаҳуми феврал (12 – 22 баҳман) ба унвони даҳаи фаҷри пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон ҳамасола таҷлил мешавад. Рӯзи 1-уми ферали соли 1979 мелодӣ имом Хумайнӣ баъд аз 15 сол табъид ва 4 моҳ иқомат дар Париж ба Эрон баргашт ва 5 миллион нафар аз ӯ истиқбол карданд. Рӯзи 11 феврал барҳам хӯрдани низоми ситамшоҳии паҳлавӣ ва пирӯзии Инқилоби Исломӣ эълон шуд. Дар камтар аз ду моҳ мардум бо ширкат дар як ҳамапурсӣ бо 98% овоз низоми Ҷумҳурии Исломиро баргузиданд. Имом Хумайнӣ баъд аз 15 сол талош барои пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар табъид ва 10 сол раҳбарии низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таърихи сеюми июни 1989 даъвати ҳақро лаббайк гуфт. Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон оятуллоҳ сайид Алии Хоманаиро ба унвони ҷонишини имом Хумайнӣ ва валии фақеҳ ва раҳбар баргузиданд, ки то кунун раҳбарӣ дорад. Имсол 45-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон аст. Аз аввали ин пирӯзӣ душманони мустакбир ва дар раъси он Амрико аз тамоми роҳҳо барои ноком гузоштани низоми исломӣ ва барандозии он истифода кардаанд, вале бо тавфиқ ва нусрати Илоҳӣ ҳар рӯз шоҳиди муваффақиятҳои бештари Эрони исломӣ ҳастем. Солгарди пирӯзии Инқилоби Исломиро ҳам ба мардуми муқовим ва муҷоҳиди Эрон ва ҳамаи мусулмонону озодагони ҷаҳон табрик мегӯем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад