Африқои Ҷанубӣ: тамоми кишварҳо кумак ба Исроилро мутаваққиф кунанд!

Вазири хориҷаи Африқои Ҷанубӣ ҳамаи кишварҳоро муваззаф ба таваққуфи кумак ба режими саҳюнистӣ донист.

Вазири хориҷаи Африқои Ҷанубӣ эълон кард, ки бо таваҷҷуҳ ба наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза, кумакҳои молӣ ва низомӣ ба ин режим бояд мутаваққиф шавад.

Нолди Пондур, вазири хориҷаи Африқои Ҷанубӣ эълон кард, ки пас аз инки додгоҳи байналмилалии кайфарии мушаххас кард, ки ин иқдомоти режими саҳюнистӣ дар Ғазза метавонад наслкушӣ бошад, ҳамаи кишварҳо муваззаф ҳастанд аз таъмини молӣ ва тасҳили иқдомоти низомии режими саҳюнистӣ дар Ғазза ҷилавгирӣ кунанд.

Вазири умури хориҷаи Африқои Ҷанубӣ дар идома гуфт, ки ҳафтаи гузашта бо додситони девони байналмилалии кайфарӣ мулоқот карда то дар бораи ирҷои дархости Африқои Ҷанубӣ дар бораи вазъият дар Фаластин, ки дар моҳи ноябр ироа шуд, гуфтугӯ кунад.

Пондур дар ҷамъи хабарнигорон афзуд: ман аз ӯ пурсидам, ки чаро тавонист ҳукми боздошти Путинро содир кунад ва наметавонад дар мавриди нахуствазири Исроил ин корро анҷом диҳад. Ӯ ба ин савол посухе надод.

Бино ба гуфтаи вазири хориҷаи Африқои Ҷанубӣ, таҳқиқот дар заминаи парвандаи наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза ҳанӯз дар ҷараён аст.

Қозиёни девони байналмилалии додгустарӣ ҷумъаи гузашта тибқи дархости Африқои Ҷанубӣ аҳкоми муваққатро алайҳи режими саҳюнистӣ содир карданд. Ин додгоҳ аз режими саҳюнистӣ хост тамоми иқдомоти лозимро барои ҷилавгирӣ аз наслкушӣ дар Ғазза анҷом диҳад. Ин додгоҳ ба режими саҳюнистӣ дастур дод зарфи як моҳ тамоми иқдомотеро, ки барои ҷилавгирӣ аз наслкушӣ анҷом дода ба девони Гаага гузориш диҳад. Қозии ин додгоҳ гуфт ҳукми мазкур тааҳҳудҳои байналмилалӣ барои режими саҳюнистӣ эҷод мекунад.

Дар ҳамин росто додгоҳ ба режими саҳюнистӣ дастур дод то иқдомоти фавриро барои фароҳам кардани хадамоти мавриди ниёз фаврӣ ва кумакҳои башардӯстона дар Навори Ғазза анҷом диҳад бо ин ҳол дастуре мабнӣ бар барқарории оташбас дар ин ҷангро матраҳ накард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад