Афзоиши сармоягузории БИР дар сохтмони НБО “Роғун”

Бонки Исломии Рушд (БИР) иттилоъ дод, ки барои лоиҳаи сохтмони НБО "Роғун" 250 млн. доллар ҷудо намуда, барои зиёд намудани ин маблағ корбарӣ мекунад.

Бонки Исломии Рушд (БИР) иттилоъ дод, ки барои лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун” 250 млн. доллар ҷудо намуда, барои зиёд намудани ин маблағ корбарӣ мекунад.

Ба гузориши манбаъ:

Ахиран вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқи Завқизода бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кард.

Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ ва сабз, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, тандурустӣ ва маориф баррасӣ намуданд.

Иброҳим Шукрӣ иттилоъ дод, ки аз рӯи натиҷаи вохӯрии Президентҳо БИР барои лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун” 250 млн. доллар ҷудо намуда, барои зиёд намудани ин маблағ корбарӣ мекунад.

Ҳамзамон бо маблағгузории БИР амалишавии лоиҳаҳои “Дастгирии татбиқи Стратегия миллии рушди соҳаи маориф” ба маблағи 86 млн. доллар, “Сохтмону таҷдиди роҳи мошингарди Гулистон – Фархор – Панҷ – Дустӣ” ба маблағи 41 млн. доллар пешбинӣ шудааст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон қайд кардааст, ки то имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи БИР лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 633 млн доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.

Айни ҳол 5 лоиҳаи Гурӯҳи БИР дар ҳаҷми умумии 231 млн доллар мавриди амал қарор дошта ва 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 391 млн доллар пешбинӣ шудааcт.

Тарафҳо дар мулоқоти ахир барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Подшоҳии Арабистони Саудиро яке аз муҳимтарин шарикони Душанбе дар ҷаҳони араб ва ислом арзёбӣ кард.

Арабистони Саудӣ омодагияшро барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба Тоҷикистон баён доштаст.

Ин нукта дар мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ бо раиси иҷроияи Фонди саудии рушд Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршад баён шудаст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, Душанбе омодагии ҷониби Арабистони Саудиро барои сармоягузорӣ ба инфрасохтор, аз ҷумла ба нерӯгоҳи “Роғун” баланд арзёбӣ кардаст.

Дар иттилоия омадааст:

“Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷониби Арабистони Саудиро тавассути Фонди рушд ҷиҳати тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла барои иштирок дар маблағгузории лоиҳаи стратегии Тоҷикистон неругоҳи барқи обии “Роғун” баланд арзёбӣ менамояд”.

Инчунин Рустами Эмомалӣ аз нақши Фонди саудии рушд дар раванди татбиқи лоиҳаҳои рушд ва барномаҳои иҷтимоӣ дар бахшҳои инфрасохтори нақлиёт, тандурустӣ ва маориф дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Таъкид гардидааст, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз муҳимтарин шарикони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони араб ва ислом ба ҳисоб меравад.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандияшонро ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе ҳавасмандии хешро баён доштаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад