Роҳёбии Тоҷикистон ба даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё

Дастаи Тоҷикистон бо пирӯзӣ дар муқобили Аморот ба даври 1/4- ниҳоӣ баромад.

Дар бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намауда, ба даври 1/4- ниҳоӣ баромад.

Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор гардид.

Замони асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи замони изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11 метра дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври даври 1/4- ниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Ироқ ва Урдун рӯзи 2 феврал бозӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар  аввалин ишитрокаш дар Ҷоми Осиё  ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта истодааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад