Эътироз нисбат ба фурӯши нафти Озарбойҷон ва Туркия ба Исроил

Гурӯҳе аз донишҷӯёни турк ба нишони эътироз алайҳи фурӯш ва интиқоли нафт аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркия ба Исроил дар назди консулгарии ин кишвар дар Истамбул ҷамъ омаданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Гурӯҳе аз донишҷӯёни турк ба нишони эътироз алайҳи фурӯш ва интиқоли нафт аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркия ба Исроил дар назди консулгарии ин кишвар дар Истамбул ҷамъ омадаанд.

Эътирозгарон шиор медоданд, ки нафти Озарбойҷон ва Туркия Исроилро қавӣ мекунад.

Онҳо ҳамчунин ба интиқоли ин нафт аз Туркия ба самти Исроил эътироз карданд.

Дар тӯли беш аз 100 рӯзе, ки аз ҷанги Ғазза сипарӣ мешавад, яке аз интиқодҳои афкори ҷомеъаи Туркия ин будааст, ки чаро кишварашон содироти коло ба режими саҳюнистӣ ва транзити нафти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Исроил будааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад