Рум, Милан, Мадрид ва Берлин барои Ғазза тазоҳурот карданд

Дар шаҳрхои Мадрид, Милан, Рум ва Берлин мардум ба нишони якдилӣ бо шаҳрвандони Фаластин ба хиёбонҳо баромаданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, “Ин ҷанг нест, наслкушӣ аст”, ҳудуди 20 ҳазор нафар бо парчами Фаластин ва шиорҳои зидди режими саҳюнистӣ рӯзи шанбе дар Мадрид алайҳи ҷанги Ғазза эътироз карданд.

Дар байни шиорҳое, ки тазоҳурокунандагон шиор медоданд, “таҳримҳо барои Исроил куҷост?” ва ё “Исроил ба қатл мерасонад, Аврупо ҳимоят мекунад” дида мешуд. Бисёре аз иштирокчиён шиорҳои навиштаҷоти “Бойкот кардани Исроил” ё “Наслкушии Исроил” ба ҳамроҳ доштанд.

Фаластин

Ҳамзамон ҳазорон тазоҳургар дар шаҳрҳои Рум ва Милан бо вуҷуди мамнӯъияти тазоҳурот бо баҳонаи ҳамзамонӣ бо таҷлили ҷашни “Ҳолокости яҳудиён” барои ҳимоят аз ҳуқуқи фаластиниҳо раҳпаймоӣ карданд.

Донишҷӯён, фаъолони чапгаро ва намояндагони ҷомеаи Фаластин ва мусалмонон бо раҳпаймоӣ дар хиёбонҳои Итолиё ҳимояти худ аз ҳуқуқи мардуми Фаластинро эълом карданд ва бо вуҷуди мамнуъияти Вазорати умури дохилии Итолиё ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғаззаро маҳкум карданд.

Фаластин

Тазоҳурокунандагон бо шиори “Озодӣ ба Фаластин” манъи тазоҳуротро, ки ҳукумати Ҷорҷия Мелони чорӣ карда буд, махкум карданд.

Ҳамчунин ҳазорон нафар ба нишони ҳамраъйӣ бо Фаластин дар Берлин раҳпаймоӣ карданд ва ҳомиёни Ғазза аз ҳимояти давлати Олмон аз режими саҳюнистӣ интиқод карданд.

Эътирозгарон дар Александр Платз, яке аз маъруфтарин майдонҳои Берлин ҷамъ омаданд, то ҳимояти худро аз Фаластин ва эътироз аз ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза эълом кунанд.

Ғазза

Тазоҳуроткунандагон, ки парчамҳои Фаластин ва Африқои Ҷанубӣ доштанд, шиорҳое доштанд, ки дар онҳо чунин навишта шуда буд: “Наслкуширо бас кунед”, “Олмон: стандартҳои дугона” ва “Олмон бори дуюм дар тарафи нодурусти таърих истодааст”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад