Таъкиди Туркманистону Қирғизистон ба таҳкими ҳамкориҳо

Дар дидори мақомоти Туркманистон ва Қирғизистон чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардид.

Дар дидори муовини вазири хориҷаи Туркманистон ва сафир Қирғизистон дар Ашқобод чашмандози таомули ду кишвар дар заминаҳои энергетика, ҳамлу нақл ва лоҷестик баррасӣ шуд.

Сардор Муҳаммаддардиев, муовини вазири умури хориҷаи Туркманистон ва Азизбек Мадмаров, сафири Қирғизистон дар ин кишвар дидор ва гуфтугӯ карданд.

Дар ҷараёни ин дидор дурнамои таомули Ашқобод ва Бишкек дар заминаҳои энергетика, ҳамлу нақл ва лоҷестик мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар чорчуби густариши гуфтугӯиҳои байнидавлатӣ, ду тараф баргузории дидорҳо дар сатҳҳои олиро, ки ба пешрафт ва таъмиқи бештари равобити дуҷониба кумак мекунад, баррасӣ карданд.

Дар бахши дигари ин дидор ҳамчунин дар мавриди масоили омодасозии шашумин нишасти Комиссияи байнидавлатии Туркманистон ва Қирғизистон дар заминаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фаннӣ ва башардӯстона, ки нақши як бистари корӣ барои ҳамоҳангии мушорикатҳои иқтисодиро ифо мекунад, табодули назар анҷом гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад