58 нафар дар бомбаборонҳои артиши Украина дар “Донетск” кушта ва захмӣ шуданд

Раиси минтақаи Донетск дар шарқи Украина эълом кард шумори кушташудагони бомбаборонҳои артиши Украина ба 28 нафар афзоиш ёфтааст.

Раиси минтақаи Донетск дар шарқи Украина, ки порсол бо баргузории ҳамапурсӣ ба хоки Русия изофа шуд эълом кард, ки шумори кушташудагони бомбаборонҳои артиши Украина дар ин минтақа ба 28 нафар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, “Деннис Пушлин” раиси минтақаи ҷумҳурии халқи Донетск эълом кард, ки шумори қурбониёни бомбаборони манотиқи маскунии ин минтақа тавассути артиши Украина ба 28 кушта ва 30 захмӣ афзоиш ёфтааст.

Вазорати хориҷаи Русия дирӯз якшанбе бо судури баёнияе эълом кард: ҳамлаи неруҳои мусаллаҳи Украина ба Донетскро як иқдоми террористии ваҳшёна алайҳи ғайринизомиёни Русия медонем. Ҳамлаи Киев ба Донетскро қавиян маҳкум мекунем; Тамоюли Ғарб барои таҳмили шикасти роҳбурдӣ ба Русия, Киевро ба иқдомоти бепарвотаре савқ додааст. Ин қабил иқдомот дорои табаоте ҳастанд ва Маскав онҳоро муҳим талаққӣ мекунад.

Баёнияи мазкур дар идома изофа мекунад: аз ниҳодҳои байналмилалӣ мехоҳем, ки ҳамлаи Киев ба Донетскро маҳкум кунанд; Сукути онҳо ба маънои таъйиди куштори ғайринизомиён хоҳад буд. Ҳамалоти террористии Украина ба вузӯҳ фуқдони иродаи сиёсии ин кишвар барои сулҳ ва ҳал ва фасли буҳрон аз тариқи равишҳои дипломатикро нишон медиҳад. Дастёбӣ ба тамоми аҳдофи амалиёти вижа зарурӣ аст; Хоки Украина набояд маншаи таҳдидоти амниятӣ ва иқдомоти террористӣ (алайҳи Маскав) бошад.

Дирӯз якшанбе шаҳрдори минтақаи Донетск, ки соли гузашта бо баргузории ҳамапурсӣ ба хоки Русия илҳоқ шуд, эълом кард, ки дар тозатарин ҳамлаҳои тӯпхонаӣ артиши Украина ба манотиқи маскунии ин минтақа дасти кам 18 ғайринизомӣ кушта ва 13 нафари дигар низ захмӣ шуданд. “Деннис Пушлин” раиси минтақаи ҷумҳурии халқи Донетск ҳам ин ҳамларо «бераҳмона» тавсиф ва таъкид кард, ки ҳамлаҳои артиши Украина замоне рух дод, ки хиёбонҳо дар шлуғтарин замони худ буданд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ Донетск неруҳои артиши Украина дар рӯзи шанбе 43 бор беш аз 161 партоб ба самти ин минтақа шиллик карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад