Таърихсозӣ дар Осиё – Тоҷикистон ба ҳаштякфинал роҳ ёфт

Тими миллии футболи Тоҷикистон, ки дар бозии сеюмаш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар гурӯҳи “А” мунтахаби Лубнонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба 1/8 финали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Тими миллии футболи Тоҷикистон, ки дар бозии сеюмаш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар гурӯҳи “А” мунтахаби Лубнонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба 1/8 финали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Бозии даври охирин дар гурӯҳи “А” миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Лубнон 22-юми январ дар варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамади шаҳри Доҳа доир гардид.

Дар нимаи аввали бозӣ ҳарду даста лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд, вале аз онҳо истифода карда натавонистанд.

Ҳарсе гол дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Бассел Ҷрадӣ, бозигари мунтахаби Лубнон, дар дақиқаи 47-ум ҳисобро кушод. Вай тӯбро аз дохили ҷаримагоҳ бо зарбаи сахт ба дарвозаи Рустам Ятимов ворид кард.

Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 80-ум ҳисобро баробар намуд. Тӯби аз масофаи дур ва берун аз ҷаримагоҳ задаи ӯ ба нишон расид.

Голи дуюм ва ҳалкунандаи мунтахаби Тоҷикистонро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 90+2 аз дохили ҷаримагоҳ бо зарбаи сар ба самар расонид.

Бояд гуфт, ки ду бори дигар тӯб вориди дарвозаи лубнониҳо гардида буд. Аммо сардовари ин бозӣ Муҳанад Қосим Саррай, довари 43-солаи FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол), аз Ироқ голҳои футболбозони тоҷикро ҳисоб накард. Кӯмакдоварони ӯ (VAR) баъди тамошои видео ҳолати нобозӣ ё офсайдро ба қайд гирифтанд.

Дар дақиқаи 56-ум сардовар баъди тамошои видео (VAR) бозигари мунтахаби Лубнон Қосим Ал-Зейнро, ки ба пойи рақибаш қасдан зад, корти сурх нишон дод. То охири дидор ҳайати тими миллии Лубнон аз даҳ нафар иборат буд.

Дар ҳамин ҳол дар радабандии FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) дар байни 210 тими миллӣ мунтахаби Тоҷикистон мақоми 106-ум ва дастаи Лубнон мақоми 107-умро касб кардаанд. Ин аввалин бозӣ миёни ҳарду тими миллӣ буд.

Ҳамзамон бозии дигари даври сеюм дар гурӯҳи “А”байни дастаҳои Қатар ва Чин дар варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифаи Доҳа доир гардид. Бозӣ бо пирӯзии қатариҳо бо ҳисоби 1:0 ба охир расид. Голро Ҳасан Ал-Ҳайдос, дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 66-ум зад.

Дарвоқеъ, нимҳимоятгар Ҳамадонӣ Камолов, ки дар бозӣ бо тими Қатар корти сурх гирифта буд, муқобили Лубнон ба майдон набаромад. Зимнан, бо қарори кумитаи интизомии AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) Камолов аз ҳаққи ширкат дар се бозӣ маҳрум шудааст.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, дар нишасти матбуотии пеш аз бозии охирини даври гурӯҳӣгуфта буд, “барои мо рақобат бо тими миллии Лубнон ин финал аст. Бозии мазкур ҳам барои мо ва ҳам барои рақиб хеле душвор хоҳад буд.”

Ҳамин тавр ҳам шуд. Бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ ҳалкунанда буд ва бо натиҷаи мусбат, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Футболбозони тоҷик, ки бо 4 имтиёз дар гурӯҳи “А” мақоми дуюмро соҳиб шуданд, ба ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо карданд.

Дастаи мизбон – мунтахаби Қатар, ки баъди натиҷагирии бозиҳои даври сеюм бо касби 9имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “А” мақоми аввалро гирифт, ба плей-офф баромад.

Дастаи Чин бо касби ду имтиёз дар зинаи сеюм ва тими Лубнон бо касби як имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор гирифтанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар бо иштироки 24 тими миллӣ ҷараён дорад. Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз ҳар гурӯҳ дудастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин азмиёни ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоии ҶомиОсиё-2023 роҳ меёбанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад