Ҷабборов: сиёсати хориҷии Қирғизистон мустақил ва чандҷониба аст

Раисҷумҳури Қирғизистон гуфт: сиёсати хориҷии ин кишвар мустақил ва чандҷониба аст, ки бо ҳимояти мардум дар ҳоли иҷро мебошад.

Раисҷумҳури Қирғизистон гуфт: сиёсати хориҷии ин кишвар мустақил ва чандҷониба аст, ки бо ҳимояти мардум дар ҳоли иҷро мебошад.

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон гуфт: аз замони истиқлоли ду кудато дар ин кишвар, ки тавассути нерӯҳои хориҷӣ таъмини молӣ шуда буд, аммо севумин инқилоб мардумӣ буд.

Вай гуфт: инқилоби севуми Қирғизистон, ки дар соли 2020 рӯй дод, бо инқилобҳои пешин мутафовит аст.

Ҷабборов далелҳои ҳамаи инқилобҳоро бо иқдомоти мақомот шарҳ дод, аммо таъкид кард, ки ду инқилоби аввал бархилофи севумӣ аз ҳимояти молии хориҷи бархурдор буданд.

Ҷабборов изҳор дошт: мо се инқилоб доштем. Ду инқилоби аввал тавассути неруҳои хориҷӣ таъмини молӣ шуданд. Ҳама медонанд, ки онҳо кӣ ҳастанд. Ҳеҷ фарде интизори инқилоби севумро надошт. Мардум аз мо ҳимоят карданд. Ба ҳамин далел мо имрӯз як сиёсати хориҷии чандҷониба ва мустақилро иҷро мекунем. Агар ба бархе нерӯҳои хориҷӣ вобаста шавем, бояд иродаи онҳоро иҷро кунем ва дар ин сурат наметавонем кишварро тавсеа диҳем.

Суханони раисҷумҳури Қирғизистон дар ҳолест, ки ахиран теъдоде аз расонаҳои ғарбгаро дар ин кишвар ба иттиҳоми талош барои кудато тавқиф шуда ва теъдоде аз коркунони онҳо боздошт шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад