Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар арсаи варзиш байни Тоҷикистону Арабистон

Дар нишасти мақомоти Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар заминаи варзишӣ байни ду кишвар тамдид ва ба густариши ҳамкорӣ дар ин замина таъкид шуд.

Дар нишасти мақомоти Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар заминаи варзишӣ байни ду кишвар тамдид ва ба густариши ҳамкорӣ дар ин замина таъкид шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни ин ду ниҳоди миллии футбол дар ду кишварро тамдид карданд. Ин санад тавассути Хуршеди Мирзо, муовини аввали Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ломиён Баҳоён, муовини федератсияи футболи Арабистони Саудӣ имзо шуд.

Дар чорчӯби имзои ин санад муовини федератсияи футболи Арабистони Саудӣ дар мавриди ҳамкории самаранок дар ҳавзаи варзиш бо тарафи Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард.

Вай дар идома ҳамчунин барои тими миллии футболи Тоҷикистон дар марҳилаҳои нави Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 дар Қатар орзуи муваффақият кард.

Муовини аввали Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам аз истиқболи гарми тарафи Саудӣ ташаккур кард ва дар мавриди ҳамкории муассири ду кишвар дар арсаи варзиш ибрози умедворӣ кард.

Дар ин дидор тарафайн дар мавриди тақвияти равобит, созмондеҳӣ ва баргузории бозиҳои дӯстонаи байналмилалӣ байни тимҳои мухталифи мардон ва занон, ҷавонон ва фавтсоли ду кишвар тавофуқ карданд.

Тарафайн ҳамчунин қасд доранд дар заминаҳои бозорёбӣ, пизишкӣ, доварӣ, омӯзиши мураббигарӣ, футболи занон ва дигар ҳавзаҳо ҳамкорӣ кунанд.

Шоёни зикр аст, ки тими миллии Тоҷикистон омодагии худ барои ҳузур дар марҳилаи ҷадиди Ҷоми миллатҳои Осиё 2023-ро оғоз кардааст.

Марҳалаи поёнии ин мусобиқот 12 январи 2023 оғоз шуд ва то 10-уми феврали соли 2024 идома меёбад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад