ЮНИСЕФ: Соли 2023 маргбортарин сол барои кӯдакон дар Каронаи Бохтарӣ буд

Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) соли 2023-ро маргбортарин сол барои кӯдакон дар Каронаи Бохтарӣ тавсиф кард.

Ба гузориши хабаргузории “Роша Тудей”, дар миёни ташдиди танишҳо ва ҳамалоти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Каронаи Бохтарӣ дар пайи ҷанги ҷорӣ дар Навори Ғазза, Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) соли 2023-ро маргбортарин сол барои кӯдакон дар Каронаи Бохтарӣ унвон кард.

ЮНИСЕФ, дар баёнияе «хушунатҳои ҷанг дар Каронаи Бохтарӣ дар соли 2023-ро ҳамроҳ бо афзоиши ногаҳонӣ тавсиф кард» ва ёдовар шуд, ки дар 12 ҳафтаи ахир 83 кӯдаки мазлум дар ин минтақа ҷони худро аз даст додаанд (ба шаҳодат расидаанд), ки дар муқоиса бо тӯли соли 2022, афзоиши беш аз дубаробриро нишон медиҳад.

Ин ожонс идома дод: кӯдаконе, ки дар Каронаи Бохтарӣ аз ҷумла Байтулмуқаддаси шарқӣ зиндагӣ мекунанд, солҳост, ки хушунати тоқатфарсоро мутаҳаммил шудаанд ва ин дар ҳоле аст, ки шиддати ин хушунат аз ҳафтуми октябр, ба шакли чашмгире афзоиш ёфтааст.

ЮНИСЕФ, дар идома «хушунатҳои ногувор алайҳи кӯдакон ба вежа куштор ва нақси узвро ба шиддат маҳкум кард ва аз тамоми тарафайн хост то аз асоситарин ҳаққи кӯдакон, ки ба забони содда ҳаққи зиндагӣ аст, ҳимоят кунанд.»

Ба навиштаи Роша Тудей, то ба инҷои сол, дар маҷмӯъ дасти кам 124 кӯдаки фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ ба шаҳодат расидаанд. Ҳамчунин беш аз 576 кӯдак низ дар ин минтақа маҷрӯҳ шудаанд.

афтар ҳуқуқ башар созмон милал авоил ҳафта аз нируҳои артиш асроиил, ки аз сол 1967 карона бохтариро таҳт ишғол низоми даровардаанд, хост то ба «куштор ғайриқонуни» дар карона бохтари поён диҳанд. Ин дафтар бо ишора ба «афзоиш шадид» ҳамалот ҳавои дар урдугоҳҳои прҷмъият, ки дар онҳо кӯдакон низ ҷузу қурбониён ҳастанд, эълом кард, ки нируҳои асроиили ба таҳйиҷ шаҳракнишинон, хушунат алайҳ Фаластинёнро шиддат бахшидаанд.

Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал ҳамчунин дар бораи «вахомати сареъи шароити ҳуқуқи башар дар Каронаи Бохтарӣ» ҳушдор дод ва хостори «поён фаврии истифода аз адавоти низомӣ ва силоҳ дар ҷараёни амалиётҳо ва ҳамчунин поёни ҳар чи зудтари боздошти худсрона ва бадрафторӣ бо Фаластинён шуд.»

Пас аз амалиёти муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) алайҳи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар ҳафтуми октябр, ишғолгарон дар иқдоми талофиҷуёна Навори Ғазза ва арозии ишғолиро ҳадафи бомбаборон ва ҳамалоти ваҳшёна қарор додаанд. Бар асоси омори вазорати беҳдошт ва тандурустии Ғара, дар пайи ин ҳамалот токунун беш аз 21 ҳазор тан аз Фаластинён шаҳид ва болиғ бар 55 ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад