Мушкилоти бонкӣ монеаи аслӣ дар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷории Тоҷикистону Эрон

Мақомдори баландпояи ҳукумати Эрон дар мулоқот бо нахуствазири Тоҷикистон мушкилоти мавҷудаи бонкиро монеа дар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ хондаст.

Мақомдори баландпояи ҳукумати Эрон дар мулоқот бо нахуствазири Тоҷикистон мушкилоти мавҷудаи бонкиро монеа дар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ хондаст.

Ба гузориши манбаъ:

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо вазири неруи Эрон Алиакбар Меҳробиён, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, аз бурду бохт гуфтаанд.

Теҳрон омодагияшро барои рушди нерӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон ва ташкили корхонаҳои муштарак сармоягузорӣ кунад, изҳор доштаст ҷониби эронӣ.

Таҳкими робитаҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар соҳаи нақлиёт, фановариҳои илмӣ ва дигар масоил аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаанд.

То ҳол аз тарҳҳои нисбатан бузурги Эрон дар Тоҷикистон НБО-и “Сангтӯда-2”, нақби “Истиқлол” мебошанд. Инчунин ширкатҳои эронӣ дар бунёди НБО “Роғун” иштирок доранд.

Дар мулоқот нахуствазири Тоҷикистон хостори осон кардани шароити гардишгарӣ миёни ду кишвар шуд ва гуфт, ки дар партави тавофуқи президентҳо барои лағви раводид барои шаҳрвандон, иҷрои ин тасмим ба зудӣ боиси афзоиши шумори парвозҳо мешавад.

Ҷониби Эрон изҳор доштааст, ки мушкилоти мавҷудаи бонкӣ дар роҳи тавсеаи равобити иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар боиси норозигии бахши хусусӣ, ба хусус дар самти содироти маҳсулоти фаннӣ шудааст.

Ба итилои расонаҳои эронӣ, маҳз мушкилоти бонкӣ аз ҷумлаи монеаҳо дар самти ташкили корхонаҳои муштарак арзёбӣ шудааст.

Тафсилоти мушкилот оварда нашудаанд, аммо маврид ба зикр аст, ки Эрон таҳти таҳримоти шадиди иқтисодӣ қарор дорад, ки ҳамкории онро бо бархе аз давлатҳои хориҷӣ мушкил месозад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ба иттилои омори расмӣ тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар чаҳормоҳаи нахусти соли равон ҳудуди 81 миллион долларро ташкил кардааст.

Тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар 4 моҳаи нахусти соли равон ҳудуди 81 миллион доллар буд, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 6,5 миллион доллар камтар аст.

Ин омор ахиран дар мулоқоти сафири Эрон дар Душанбе Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе бо Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонаӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки ба иттилои вазири энержии Эрон Алиакбар Меҳробиён додугирифти Тоҷикистону Эрон дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 300% афзоиш ёфта буд.

Вай гуфта буд, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон то соли 2013 ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, баъдан коҳишро оғоз кардааст.

Бояд гуфт, ки дар мулоқоти ахири сафири Эрон дар Душанбе ва вазири кишоварзии кишвар масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуд.

Ба иттилои вазорати кишоварзӣ дар зарфи семоҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон 20 трактори моделҳои мухталиф ва 88 дастгоҳи дигари таҷҳизоти кишоварзӣ аз Эрон ворид карда, ки нишон аз маҳбубияти тракторҳои эронӣ барои кишоварзони Тоҷикистон аст.

Имрӯзҳо тракторҳои эронӣ ба 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ содир мешаванд.

Таъкид шудааст, ки тракторҳои эронӣ барои истифода дар боғҳо тароҳи шуданд ва чунин таҷҳизоти нисбат ба дигар маделҳои трактори сабук тақозои бештари доранд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад