Ас-сиси барои сеюмин бор раисҷумҳури Миср шуд

Абдулфаттоҳ Ас-сиси муваффақ шуд барои сеюмин бор, ба унвони раисҷумҳури Миср интихоб шавад ва то соли 2030 дар мақоми худ боқӣ мемонад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Абдулфаттоҳ Ас-сиси рӯзи душанбе бори дигар ба унвони раисҷумҳури Миср интихоб шуд.

Бо ин пирӯзӣ, Ас-сиси барои сеюмин бор ба унвони раисҷумҳури Миср интихоб шудааст ва то соли 2030 низ дар мақоми худ боқӣ мемонад.

Пойгоҳи хабарии Араб-48 гузориш дод, дар ин интихобот 44 миллиону 200 ҳазор шаҳрванди мисрӣ иштирок карданд; яъне мизони мушорикат қариб 41 дарсад будааст.

Дар ин интихобот, Ас-сиси муваффақ шудааст 39 миллиону 700 ҳазор раъйро ба худ ихтисос диҳад. Вай беш аз 89 дарсади орои гирифташударо касб кардааст.

Ҳозим Бадави, раиси ҳайати миллии интихоботи Миср гуфт, ки бар асоси натоиҷ, ас-сиси барои як давраи шаш солаи дигар, президенти Миср хоҳад буд.

Ба гузориши Араб-49, ин интихобот дар ҳоле баргузор шудааст, ки Миср бо буҳрони иқтисодӣ рӯбарӯ аст ва дар талош аст хатари густариши ҷанги Навори Ғазза ба нимҷазираи Синоро кантрол кунад.

Бархе аз дорандагони шароити раъй гуфтанд, ки оғози ҷанг дар Ғазза боис шуд, ки ба Ас-сиси раъй диҳанд; зеро ӯ худро фарде муаррифӣ мекунад, ки тавонистааст дар як минтақаи ноором, суботро дар Миср ҳифз кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад