Ҳазинаҳо ва талафоти сангини “Тӯфони Ал-Ақсо” ба режими саҳюнистӣ

Ҷанги Ғазза дар шароите вориди 72 вумин рӯзи худ шудааст, ки режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба ҳеҷ як аз аҳдофи худ нарисадааст ва дар иваз талафоти сангини низомӣ ва иқтисодиро мутаҳаммлил шудааст.

Талафоти сангини инсонӣ ва хисоратҳои низомӣ ва иқтисодии ҳангуфти режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар тайи 72 рӯз чунон барои режими саҳюнистӣ сангин аст, ки дар тайи беш аз 80 сол зулму ҷиноят, ба худ надида аст.

Таҳлилгарони масоили сиёсӣ муътақиданд, ки режими саҳюнистӣ се чизро наметавонад таҳаммул кунанд: ҳалокати низомиёни худ, хисоратҳои иқтисодӣ ва тӯлонӣ шудани ҷанг, ин масоиле ҳастанд, ки дар набарди “Тӯфони Ал-Ақсо” ҳар се маврид иттифоқ афтодааст ва режими саҳюнистиро ба шиддат ҳайрон ва саргардон кардааст.

Дар ҷанги Ғазза ё ба иборати дигар дар набарди “Тӯфони Ал-Ақсо”, режими палиди саҳюнистӣ бо ҳеҷ давлате тараф нашуд, балки чаҳор гуруҳи муқовимати Фаластин, ҳизбуллоҳи Лубнон, муқовимати Яман ва гуруҳҳои муқовимати Ироқ албата онҳам ба таври маҳдӯд вориди набард бо артиши режими саҳюнистӣ шуданд ва тавонистанд ба дастовардҳои бузурге даст ёбанд, дастовардҳое, ки ҳаргиз аз хотири сарони Телавив пок нахоҳад шуд.

Размандагони муқовимати исломии Фаластин дар тӯли ҷанги 72 рӯза муваффақ шудд садҳо танки Меркава ва чандин нафарбар, худрӯи зиреҳӣ, булдузер ва бели меканикии режими саҳюнистиро ба таври куллӣ ё ҷузъӣ мунҳадим кунанд.

Амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” он қадр барои низомиёни саҳюнистӣ саҳмгин ва сангин буд, ки рӯзномаи ибрӣ забони Yedioth Ahronoth, эътироф кард, ки Ҳамос дар ҳамлаи ҳафтуми октябр фақат созмонҳои амниятии Исроилро ғофилгир накард, балки дар заминаи дифоӣ низ ғофилгир кардааст, зеро тавонистааст, ки тактикҳои дифоии мухталиф ва мутанаввиеро дар набард бо режим Исроил ба кор гирад.

Аз оғози набарди “Тӯфони Ал-Ақсо” шумори саҳюнистҳои ба ҳалокат расида бинобари эъломи манобеи саҳюнист ҳудӯди 1500 нафар бӯда ки 400 нафари он аз низомиёни саҳюнистӣ ҳастанд. Ҳар чанд манобеи муқовимати шумори низомиёни саҳюнистӣ дар ҷанги Ғаззаро бисёр бештар аз омори эъломӣ медонанд, ки яке аз асноди сиҳҳати ин хабар дафни 50 низомии саҳюнистӣ тайи як рӯз ва фақат дар як гӯристони саҳюнистҳо мебошад.

Асорати даҳҳо низомии саҳюнистӣ, ки дар байни онҳо шумори зиёде афсари аршад аз ҷумлаи як сарлашкар вуҷӯд дорадро низ бояд ба омори латамоти ворид шуда ба артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ изофа кард.

Ситоди итилоъ расонии ҷанги Ҳизбуллоҳ низ бо интишори як хабар омори хисоратҳо ва талафоти артиши режими саҳюнистӣ дар шимоли Фаластини ишғолиро эълом кард.

Бар асоси ин хабар Ҳизбуллоҳ беш аз 300 ҳамла ба 40 мавзеи низомии артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябр анҷом додааст.

Дар ин ҳамалот, Ҳизбуллоҳ беш аз 35 сомонаи ҷосӯсӣ, 77 сомонаи мухобиротӣ, 21 сомонаи пахши порозит ва 47 радари режими саҳюнистӣ дар шимоли Фаластини ишғолиро мунҳадим кард.

Размандагони Ҳизбуллоҳ ҳамчунин беш аз 21 танк, нафарбар ва худрӯи низомии артиши режими саҳюнистиро мунҳадим ва 354 низомии артиши ин режимро то он таърих кушта ё захмӣ кард.

Ҳамчунин 170 дурбини назоратӣ ва ҷосӯсии артиши режими саҳюнистӣ низ дар марзи бо Лубнон мунҳадим ва се паҳподи ин режим низ тавассути размандагони Ҳизбуллоҳ сарнигӯн шудааст.

Дар ин муддат, панҷ шаҳраки саҳюнистнишин дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ низ тавассути размандагони муқовимати исломии Лубнони гулӯлаборон ва ракет борон шуд ва натиҷаи он тахлияи 35 шаҳрак саҳюнистнишин ва фирори 70 ҳазор шаҳрак нишин ба умқи Фаластини ишғолӣ шуд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷанги Ғазза ҳамчунин тавонист чандини паҳподи режими саҳюнистиро соқит ва дар айни ҳоли чандини амалиёти муваффақи паҳподӣ алайҳи мавозеи режим ишғолгар дошта бошад; амалиётҳое ки хисорати зиёде ба саҳюнистҳо ворид кард.

Размандагони муқовимати Ироқ низ банно бар эътирофи “Сабрина Синг” муовини сухангӯи вазорати дифои Амрико (Пентагон) аз 17 октябр 10 рӯз пас аз оғози амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” аз сӯи гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ алайҳи режими саҳюнистӣ 66 бор пойгоҳҳои Амркоиҳо дар Сурия ва Ироқро тайи 38 рӯз мавриди ҳамла қарор доданд, пойгоҳҳои амрикоӣ 32 бор дар Ироқ ва 34 бор низ дар Сурия ҳадаф қарор гирифтанд, иқдоме ки дақиқан дар ростои муқобила бо режими саҳюнистӣ буд.

Гуруҳҳои муқовимати Ироқ ҳамчунин дар тӯли ҷанги Ғазза чандини бор бандари Элотии режими саҳюнистиро ҳадафи паҳподҳои интиҳории худ қарор доданд ва хисоратҳое ба он ворид карданд.

Дар байни гуруҳҳои муқовимат, иқдоми размандагони яманӣ бо тавваҷуҳ ба баъди масофат беш аз 1500 километрӣ бо сарзаминҳои ишғолӣ бо шиллики чандини мӯшаки дурбурд ва эъзоми теъдоди зиёде паҳподи интиҳорӣ ба бандари “Илот” дар ҷануб ва бандари Ҳайфо дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ барои нобӯдии зерсохтҳои ин ду бандар, озодӣ хоҳони ҷаҳонро ба таҳсин водошт.

Яке дигар аз иқдомоти кам назири размандагони яманӣ дар ҳимоят аз муқовимати Фаластин тавқифи киштии “Galaxy Leader” мутаъаллиқ ба режими саҳюнистӣ, ки ҳомили панҷҳазор дастгоҳи худрӯи барқӣ дар рӯзи як шанбе 19 ноябр дар дарёии Сурх бо 52 хадама ва сарнишин буд.

Размандагони яманӣ дар чанд рӯзи ахир низ ба чанд киштии дигари саҳюнистҳо ва як киштии ҷангии Амрико дар дарёии Сурх ҳамла карда ва ин оброҳаро барои режими саҳюнистӣ комилан ноамн кардаанд.

Гуфтанӣ аст, ки артиши режими саҳюнистӣ, ҳудӯди 170 ҳазор неруӣ фаъол дорад, ки бобати ҷанги кунунӣ 360 ҳазор нафар неруи захираро фарохондааст, ки ин фарохон ҳазинаи ҳангуфте рӯи дасти вазорати ҷанг гузошта. Бароварди дохилии режими 1 миллиард ва 300 милюн доллар барои ҳар моҳ аст. Ин ҳазинаҳо ба қадре болост, ки Исроил дар муддати ахир 6 миллиард доллар вом бо баҳраи боло гирифтааст. Лизо Исроил тасмим гирифтааст бахше фарохони теъдоде аз ин 360 ҳазор нафарро лағв кунад то ҳазинаи беш аз инро мутаҳаммил нашвад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад