Давлати Қазоқистон содироти маҳсулоташро ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар нӯҳ моҳи соли равон 11,8% афзоиш додааст.
Аз моҳи январ то сентябри соли равон гардиши умумии колоҳои Қазоқистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕОИИ) ба 20 655,2 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 2 фоиз кам шудааст.
Дар ин давра содироти молҳо 7 818,8 млн долларро ташкил дод, ки 11,8% зиёд ва воридот то 12 836,4 млн доллар ё 8,9 фоиз коҳиш ёфт, хабар медиҳад сомонаи Bizmedia.kz.
Дар сохтори савдои хориҷии Қазоқистон бо шарикони ИИАО кишвари Русия бартарӣ дорад, ҳиссаи он 91,7% -ро ташкил медиҳад.
Сипас Қирғизистон бо ҳиссаи 4,8%, Белорус – 3,3% ва Арманистон – 0,2% қарор гирифтааст.
Дар содироти молҳо ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз ҳама бештар мошинҳо, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, асбобу дастгоҳҳо мебошанд, ки 27,7% ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳанд.
Ғайр аз ин, маҳсулоти саноати кимёӣ ва ба он вобаста 23,7%-ро ташкил медихад.
Дар қисмати воридот аз кишварҳои ИИАО ба Қазоқистон ҳиссаи асосиро маҳсулоти ҳайвонот ва наботот, инчунин маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ, ки 19,6%-ро ташкил медиҳад, ишғол мекунад.
Металл ва маснуоти аз он сохташуда ба андозаи камтарин – 1 фоиз ворид карда мешавад.