Мақоми амрикоӣ: Дар мубориза бо терроризм ва таъмини амният бо Тоҷикистон ҳамкори мекунем

Грегори Лоҷерфо, муовини аввали ҳамоҳангсози Бюрои мубориза бо терроризм дар Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, кишвараш дар мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар марз бо Афғонистон, ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.

Грегори Лоҷерфо, муовини аввали ҳамоҳангсози Бюрои мубориза бо терроризм дар Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, кишвараш дар мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар марз бо Афғонистон, ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.

Оқои Лоҷерфо охири ҳафтаи гузашта дар як суҳбати ихтисосӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфт, гуруҳи «Ансоруллоҳ»-ро барои Тоҷикистон «хатари воқеӣ» меҳисобад. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз ин мақомдори амрикоӣ дар бораи ҳадафи сафараш ба Тоҷикистон, вазъи феълии Афғонистон, ваъдаи Толибон ва ҷанг дар Навори Ғазза пурсид.

Грегори Лоҷерфо: Дар рафти вохӯрӣ бо намояндагони Тоҷикистон мо дар бораи хатарҳои терроризм ва дигар хатарҳое, ки ҳам ба ИМА ва ҳам ба Тоҷикистон таҳдид мекунад, суҳбат кардем. Инчунин дар бораи дастгирии ИМА оиди соҳибихтиёрии Тоҷикистон суҳбат кардем. Ҳамкории мо бо Тоҷикистон беҳтар мешавад ва тақвият ёфтани ҳамкориҳои мо дар асосии боварӣ ба якдигар мебошад. Ҳукумати Амрико дар бахши мубориза бо терроризм, бо омӯзиш додани низомиён ва пешниҳод намудани таҷҳизот ба Тоҷикистон кӯмак мерасонад. Ҳукумати ИМА гуруҳи “Ансоруллоҳ”-ро барои амнияти Тоҷикистон ва инчунин ба шаҳрвандони Амрико дар Тоҷикистон хатари воқеӣ меҳисобад.

Баҳодиҳии мо дар асоси ҳамкории мо бо шарикони мо дар Тоҷикистон мебошад. Он маълумотҳое, ки мо аз онҳо мегирем, онро маълумоти дуруст мешуморем.ИМА мунтазир аст, ки гуруҳи Толибон ба ваъдаи додаи худ дар Доҳа амал кунад. Онҳо уҳдадор шуданд, ки иҷозат намедиҳанд, аз хоки Афғонистон хатаре ба кишварҳои минтақа таҳдид кунад. Аз ҷумла, хатарҳо ба Тоҷикистон. Гуруҳи Толибон вазифадор аст, ки масъалаи терроризмро дар Афғонистон зери назорат дошта бошад. Ҳамлае, ки мо кардем ва дар он Айман аз-Завоҳирӣ кушта шуд, як навъ посухи мо ба он хатарҳое буд, ки аз тарафи гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон мебинем. Ва инчунин хатарҳо ба давлатҳои минтақа. Мо умедворам ки гуруҳи Толибон ба уҳдадориҳое, ки дар чаҳорчӯби созишномаи Доҳа гирифтаанд пойбанд мемонанд.Мо дар масъалаи хатарҳои терроризм бо Тоҷикистон гуфтугӯи олӣ дорем. Аз ҷумла, дар ин бора суҳбат кардем, ки чигуна ҳамкориҳоро дар ин бахш беҳтар кунем ва чигуна ба Тоҷикистон кӯмак кунем, то амният дар марзҳои худро мустаҳкамтар кунад.

Фардо ман дар як маросими фориғуттаҳсилон иштирок мекунам, ки аз тарафи ҳукумати Амрико ба кормандони ОМОН-и Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Дар доираи ин барнома кормандони ОМОН дар бораи таъмини амният дар минтақаҳои сарҳадӣ омӯзиш гирифтаанд.Мо бо шарикони худ дар Тоҷикистон дар масъалаи бехатарии сарҳадӣ ҳамкории зич дорем. Ин ҳамкории мо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби С5+1 рафта истодааст. Мо ҳамчунин барномаҳои минтақавӣ дорем. Маркази яке аз барномаҳои мо дар Алмаато аст ва Тоҷикистон ҳам дар ин барнома иштирок мекунад. Дар чаҳорчӯби ин барнома мо дар масъалаи таъмини амният дар сарҳад, бехатарӣ дар истифодаи интернет, бехатарии авиатсия ва дигар соҳаҳо омӯзишҳо пешниҳод мекунем.

Сафари ман ба Осиёи Марказӣ ғайр аз Тоҷикистон, инчунин Узбекистон ва Қазоқистонро ҳам фаро мегирад. Дар ин кишварҳо низ мо бо шарикони худ дар масъалаи бехатарӣ суҳбат мекунем.Ҳамаи мо дарк мекунем, ки неруҳои “ДОИШ” бо номи Хуросон дар Афғонистон ҳастанд. Мо ҳамкориҳои худро бо шарикон дар минтақа давлатҳои ОМ, алалхусус Тоҷикистон ба роҳ мондаем. Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлоние дорад ва Тоҷикистон дар ин масъала дар минтақа як давлати пешрав аст. ИМА таҷрибаи худро дар масъалаи мубориза бо терроризм бо шарикони худ дар минтақа дар миён мегузорад, то дар ин масъала ба дастовардҳо ноил шавем.

Ҳукумати Амрико, Тоҷикистон ва шариконамон дар минтақа ҳамаи мо мехоҳем, ки ин мушкил дар Ховари Миёна ҳарчӣ зудтар анҷом ёбад. Ва азобу машаққати шаҳрвандон дар Ғазза кам шавад. Ягона роҳ барои дастрас шудан ин аст, ки мо бояд як шароите фароҳам орем, ки ҳолати сулҳ ва амният дар минтақа пойдор бошад.

ИМА бовар дорад, ки дар ин ҷанг бояд шаҳрвандони Ғазза аз хонаҳои худ маҷбуран кӯчонда нашаванд, на ҳозир ва на баъд аз ҷанг. Инчунин Ғазза ҳамчун минтақа барои терроризм ва дигар ҳамлаҳои террористӣ истифода бурда нашавад. Баъди анҷоми ҷанг набояд Ғазза ишғол карда шавад ё ба муҳосира гирифта шавад. Ҳудуди Навори Ғазза кам карда нашавад ва мо бояд ҳамин шароитро фароҳам оварем, ки хатари терроризм аз Ғазза аз байн бардошта шавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад