Идомаи шикояти муҳоҷирони тоҷик аз вазъияташон дар Русия

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Перми Русия гуфтанд, маъмурони пулис рӯзи 29-уми сентябр онҳоро дар бозори мева латукӯб ва таҳқир кардаанд. Шикоятҳои ба ин монанд аз Маскав ҳам расид. Мақомот вазъиятро шарҳ надодаанд.

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Перми Русия гуфтанд, маъмурони пулис рӯзи 29-уми сентябр онҳоро дар бозори мева латукӯб ва таҳқир кардаанд. Шикоятҳои ба ин монанд аз Маскав ҳам расид. Мақомот вазъиятро шарҳ надодаанд.

Ба гуфтаи яке аз муҳоҷирони шоҳиди ҳодиса, маъмурони пулис рӯзи 29-уми сентябр ва баъд аз намози ҷумъа ба ҷойи корашон ба бозори мева даромада, чанд нафарро боздошт ва латукӯб карданд.

Дар наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, се маъмури милиса бо либосҳои вижа муҳоҷиронро ба замин хобондаанд. Дар навор садои электрошокер ҳам шунида мешавад. Муҳоҷирон аз тарси боздошт нашудан, ҳодисаро то охир сабт накардаанд.

Муаллифи навор ба шарти фош нашудани ном ба Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми октябр гуфт, “муҳоҷиронро бо мошинҳо савор карда, нимашонро дар ҷангал фароварда, таҳқир карданд. Онҳое, ки хостанд ҳодисаро ба навор гиранд, латукӯб шуданд, нагузоштанд сабт кунем.”

Айни навори латукӯби муҳоҷирон аз шаҳри Маскав ҳам ба дасти Радиои Озодӣ расид.

Дар видео дида мешавад, ки се корманди пулис як нафарро зӯран ба замин хобонда, қасди боздошти ӯро доранд. Муаллифи навор гуфт, ҳодиса дар назди яке аз метроҳои Маскав иттифоқ афтод.

“Баҳс бар сари тафтиши санадҳо сар зад ва муҳоҷир нахост, ки ӯро ба идораи пулис баранд,” — нақл кард ҳамсуҳбати мо. Дар навор муҳоҷир хитоб ба маъмурони пулис ва бо забони русӣ мегӯяд, ки “шумо чӣ кор мекунед, чаро дастони маро мебандед?”

Бадрафторӣ нисбат ба муҳоҷирон дар Русия ҳодисаи нав нест. Чунин шикоятҳо дар моҳҳои май ва июни имсол якбора зиёд шуд.

Аз ҷумла, навори латукӯб ва боздошти муҳоҷирон дар як майдони варзишӣ дар моҳи май вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Як шикояти муҳоҷирон ин аст, ки кормандони пулиси Русия бисёр вақт бидуни сабаби дақиқ муҳоҷиронро тафтиш ва таҳқир мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қонунгузории Русия мушаххас кардааст, ки пулис дар кадом ҳолат ҳақ дорад, санадҳои шаҳрванд аз ҷумла муҳоҷиронро тафтиш кунад.

Бахтовар Ҷумъаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, гуфт, дар ин ҳолатҳо пулиси Русия ҳақ дорад, санади муҳоҷиронро тафтиш кунад: “Агар дар бораи содир шудани ҷиноят маълумот дошта бошад. Масалан ягон шахси қадбаланд ҷиноят карду гурехт, пулис метавонад ҳар шахси қадбаландро нигоҳ дошта, ҳуҷҷаташро тафтиш намояд. Ҳангоми будани далел, ки шахс дар кофтукоб аст. Ҳангоми содир кардани қонунвайронкунии маъмурӣ. Агар амалиёти махсус барои тафтиши будубоши муҳоҷирон оғоз шуда бошад.”

Сарфи назар аз нигарониҳои муҳоҷирон ва ҳам мақомоти Тоҷикистон, ҳеч яке аз ин ҳодисаҳо ё таҳқиқ нашудаанд ё ҳадди ақал дар бораи ҷазо гирифтани маъмурони пулис хабаре нашр нашуд. Вазъе, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, боиси зиёдтар шудани чунин бадрафториҳо мешавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Муҳоҷирони тоҷик аз афзоиши амалиёт ё рейди зидди коргарони хориҷӣ дар Қазоқистон шикоят доранд.

Яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳабдаҳ сол боз дар Қазоқистон кор мекунад, аммо бори аввал чунин маъракаро мебинад. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, барои пешгирӣ аз қонуншиканӣ амалиёти “Участок” мегузаронанд.

Азамат, яке аз муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон, рӯзи 27-уми сентябр гуфт:

Идомаи матлаб дар …  

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад