Ҷон бохтани 42 нафар дар кони ангишт – эълони мотами миллӣ дар Қазоқистон

Бар асари таркидани гази метан дар кони ангишти Костенко дар Қазоқистон даҳҳо нафар ҷон бохтанд ва ҷустуҷӯи коргарон идома дорад.

Бар асари таркидани гази метан дар кони ангишт ба номи Костенко дар Қазоқистон даҳҳо нафар ҷон бохтанд ва ҷустуҷӯи коргарон идома дорад.

Бар асари таркидани гази метан дар таърихи 28 октябри соли 2023 дар кони ангишт ба номи Костенко дар вилояти Қарғандаи Қазоқистон даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд.  ГТо соати сеи рӯзи 29 октябр ҷасади алакай 43 қурбониро аз зери кон берун кашидаанд ва ҷустуҷӯи се коргари боқимонда идома дорад. Гуфта мешавад, ҷасадҳои қурбониёнро хеле осебҳои ҷиддӣ дидаанд ва ба осонӣ шинохтанашон тақрибан имкон надорад. Наҷотбахшон мегӯянд, фурӯ рафтани  кон ва набуди нирӯи барқ ҷустуҷӯи ҷасадҳои се қурбонии охиринро мушкил мекунад. Ҳанӯз шоми 28 октябр мақомот эътироф карданд, ки дигаре умеде  барои зинда пайдо кардани ангиштканҳое, ки зери кон мондаанд, боқӣ намондааст.

Бино ба фарзияи муқаддамотӣ, шаби 28 октябр дар дохили кон аввал сӯхтор ба амал омада, сипас гази метан ончунон ба шиддат таркид, ки мавҷи он то ду километрро фаро гирифт ва хатҳои иртибототӣ дар қисматҳоти ғарбӣ ва шимолии кони ба номи Костенкоро аз кор баровард. Маълум нест, чаро дастгоҳҳои муайянкунандаи вуҷуди газ дар шахта, ки метавонистанд аз ин фоҷиа пешгирӣ кунанд, кор накардаанд?

29 октябр дар Қазоқистон ба ёди қурбониёни фоҷиа дар кони ба номи Костенко рӯзи мотами миллӣ эълон карда шудааст. Ин ҳодиса аз лиҳози шумораи қурбониёнаш пурқурбонитарин фалокати саноатӣ дар таърихи истиқлоли Қазоқистон шумурда мешавад.

Кони ба номи Костенко ба ширкати “АрселорМиттал Темиртау” (АМТ)  тааллуқ дорад, ки бахше аз ҳазорон кону корхонаҳои мутааллиқ ба миллиардери ҳиндӣ Лакшми Миттал ба ҳисоб мерасад.

Дар кони ба номи Костенко беш аз 1400 нафар кор мекунанд. Ҳангоми таркиш 252 нафар дар зери кон кор мекарданд. Беш аз 200 нафари онҳоро зинда аз зери кон берун овардаанд.

Дар солҳои охир дар конҳои марбут АМТ алакай чанд чунин фалокати пурқурбонӣ рух дод.

Моҳи августи соли 2023 дар кони “Қазоқистон” сӯхтор ба амал омад. Он вақт дар зери кон 227 нафар кор мекарданд. 222 ангиштканро зинда берун кашиданд. Ҷасадҳои 5 ҳалокшударо баъдан наҷотбахшон пайдо карданд.

Моҳи ноябри соли 2022 бар асари сӯхтор дар кони ба номи Ленин боз 5 ангишткан ҷон бохта буд.

Вале то фоҷиаи шаби 28 октябр пурқурбонитарин фалокат дар конҳои АМТ фалокати соли 2006 дар ҳамин шахтаи ба номи Ленин буд, ки бар асари таркиш 41 ангишткан ба ҳалокат расид.

Дар умум, дар  конҳои марбут ба ширкати АМТ дар камтар аз 20 соли охир, беш аз 100 нафар ба ҳалокат расидаанд. Баъди фалокати шаби 28 октябр  президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба ҳукумат амр дод, ки ҳамкориро бо АМТ қатъ карда, конҳояшро ба давлат баргардонанд. Созишномаи муқаддамотӣ дар ин маврид алакай имзо шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи таслият фиристод, ки дар он чунин гуфта мешавад:

“Муҳтарам Қосим-Жомарт Камолович,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидани одамон бар асари садама дар кони ангишти вилояти Қарағандаи Қазоқистон боиси андӯҳи амиқи инҷониб гардид.

Мо ғамшарики ин талафоти ҷуброннопазир ҳастем.

Аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам ба Шумо, мардуми бародари Қазоқистон ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву ҳамдардии самимии инҷониб, инчунин таманниёти ҳарчи зудтар шифо ёфтани осебдидагонро изҳор менамоям”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад