ЮНИСЕФ: Омори кӯдакони кушта шудаи Ғазза фоҷиаст

Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид вазъияти кӯдакони Ғаззаро ваҳшатноку омори кӯдакони кушта шударо фоҷиа хонд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Сандӯқи байналмилалии ҳимоят аз кӯдакони СММ бо ишора ба буҳрони Ғазза таъкид кард, ки вазъияти кӯдакони Ғазза ваҳшатноку омори кушта шудагони кӯдак фоҷеаст.

Сухангӯии ин созмони вобаста ба СММ дар мусоҳиба бо хабаргузории Ал-ҷазира, хостори ҳифозат аз бемористонҳои Ғазза ва эҷоди кридурҳои башардӯстонаи амн шуд.

Дар пайи бомбаборони бемористонҳои Ғазза аз сӯи режими саҳюнистӣ, ҷабҳаи муқовимати Ҳамос аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳимоят аз бемористонҳои Ғазза дархост кард.

Бинобар гузориши шабакаи Ал-ҷазира, Ҳамос афзуд, ки дархости режими ишғолгар барои тахлияи бемористони Ал-қудс ва бомбаборони сохтимонҳои атрофи он муқаддамае барои даст задан ба ҷинояти ҷадидест, ки ҷони 14 ҳазор овораро таҳдид мекунад.

Бинобар оморҳои Вазорати тандурустии Фаластин, шумори шуҳадои Ғазза дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ беш аз 8 ҳазор нафар аст, ки бисёре аз онҳо занону кӯдакон ҳастанд.

Тибқи бархе оморҳо, то кунун беш аз 3000 нафар кӯдак ба дасти режими саҳюнистӣ кушта шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад