Боку мизбони сарони Осиёи Марказӣ дар моҳи ноябр

Раисҷумҳури Озарбойҷон аз сарони тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ барои ширкат дар нишасти барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Афғонистон, ки қарор аст ноябр дар Боку баргузор шавад, даъват кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Илҳом Алиев” раисҷумҳури Озарбойҷон дар панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ахиран дар Душанбе баргузор шуд ба унвони меҳмони ифтихорӣ ширкат ва суханронӣ кард.

Вай зимни суханоне дар ин нишаст аз русои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ширкат дар нишасти отии барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Афғонистон, ки ноябри имсол дар Боку баргузор мешавад, даъват кард.

Гуфтнӣ аст, ки имсол бисту панҷумин солгарди таъсиси барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Афғонистон аст.

Ин барнома бо имзои эъломияи Тошканд дар соли 1998 мелодӣ тавассути кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва ҳамчунин дабирони иҷроӣ камсюни иқтисоди Созмони Милали Муттаҳид, комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Созмони Милали Муттаҳид барои осиё ва Уқёнусия таъсис шуд ва баъдҳо Туркманистон, Озарбойҷон ва Афғонистон ба ин барнома пайвастанд.

Дар чорчуби ин барнома ба таври муназзам мавзӯъоти беҳбуди қобилиятҳои иртиботӣ дар минтақа, аз ҷумла масоили ҳамкорӣ байни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мешаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад