Имзои қарордоди 82 миллионӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон

Дар поёни ҳамоиши маҳофили тиҷории Тоҷикистону Қазоқистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд байни ду тараф қарордоде ба арзиши беш аз 82 миллион доллар ба имзо расид.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, маҳофили тиҷории Тоҷикистону Қазоқистон дар поёни ҳамоиши муштараки худ, ки дар шаҳри Душанбе барпо шуд қарордодҳои содиротӣ ба арзиши беш аз 82 миллион доллар имзо карданд.

Маркази тавсеаи сиёсати тиҷории “Казетрид”, ки дар ҳамкорӣ бо вазорати тиҷорат ва ҳамгароӣ Қазоқистон ва бахши бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон ин ҳамоиши тиҷориро созмонедҳӣ кард ва бо эъломи ин матлаб гуфт, ки зарфияти тавлидкунандагони колои қаззоқӣ имкони афзоиши қобили таваҷҷуҳи ҳаҷми маҳсулоти фароваришударо фароҳам мекунад.

Бар асоси ин гузориш, корофринони Қазоқистон омода ҳастанд то ба масрафкунандагони Тоҷикистон 60 навъ колоро арза кунанд.

Бар асоси омори Қазоқистон, мубодилоти тиҷорӣ байни ду кишвар дар нимаи аввали соли ҷории мелодӣ 557.4 миллион доллар баровард шудааст.

Содироти маҳсулоти қаззоқӣ тайи ин муддат афзоиши 6.9 дарсадӣ дошта ва ба 387.2 миллион доллар расидааст.

Ҳаҷми колоҳои тоҷикии содир шуда дар ин давра ба Қазоқистон бо коҳиши 33.3 дарсадӣ 170.2 миллион долларро ташкил додааст.

Қазоқистон гандум, равғани офтобгардон, милаҳои фӯлодӣ, фаровардаҳои нафтӣ ва ғайра ба бозори Тоҷикистон содир мекунад. Сабзиҷот, меваҳои тоза ва хушк ва оҷил аз ҷумла колоҳои содироти Тоҷикистон ба Қазоқистон аст.

Ҳайати корофринони Қазоқистон дар чорчуби сафари худ ба Тоҷикистон аз шабакаҳои санъатӣ, кишоварзии тиҷории ин кишвар дидан ва бо ҳамтоёни тоҷикии худ музокироти васеъ ва рӯ дар рӯ анҷом доданд.

Дар ҳамоиши тиҷорӣ, ки дар шаҳри душанбе баргузор шуд 22 ширкати қазоқистонӣ саноатҳои муҳандисӣ, маводди ғизоӣ, химявӣ ва тавлидӣ ширкат карданд.

Дар моҳи май соли ҷорӣ дар “Остона” ҳамоиши бузурги корофринони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуда буд, ки дар поёни он 40 санади мухталифи ҳамкорӣ ба арзиши беш аз 1.8 миллиард доллар имзо шуд.

Бар асоси додаҳои ожонси омори Тоҷикистон, Қазоқистон баъд аз Русия ва Чин севумин шарики аслии тиҷории кишвар мебошад.

Дар сохтори содироти Тоҷикистон, Қазоқистон бо саҳми 22.6 дарсад (дар нимаи аввали соли 2023) дар рутбаи аввал қарор дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад