Дидори Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои Ӯзбекистонии худ

Раисони палатаҳои болоии парламентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. 

Раисони палатаҳои болоии парламентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Ба гузориши манбаъ:
Созишномаи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Сенати Олий Мажлиси Ӯзбекистон ба имзо расид.
Имзои санад дар доираи сафари кории раиси палатаи болоии парлумони Ӯзбекистон, Танзила Нарбаева дар Душанбе сурат гирифт.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, Нарбаева дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш, Рустами Эмомалӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ намуд.
Рустами Эмомалӣ таъкид кардаст, ки рушди ҳамаҷониба ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнокро ишғол намуда, инъикосгари талошҳо ва ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ду халқи бо ҳам дӯст мебошад.
Вай изҳор доштаст, ки ҳамсоягии нек, ҳамкории мутақобилан судманд ва боназардошти эҳтироми манфиатҳои тарафайн, аз озмоишҳои зиёд гузашта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.
Раиси Маҷлиси миллӣ гуфт:
“Имрӯз робитаҳои байни ду давлат дар соҳаҳои сиёсию дипломатӣ, тиҷорати иқтисодӣ, илмиву техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбию техникӣ ва дигар соҳаҳо бомуваффақият рушд мекунанд”.
Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати тақвияти муколамаи байнипарламентӣ ва таъмини рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо назардошти манфиатҳои мардумони ду кишвар баён доштаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад