Баргузории ҳамоиши тиҷории корофаринони тоҷик ва қаззоқ дар Душанбе 

Бахши бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон эълом кард рӯзҳои 10-12 сентябри соли ҷорӣ сафари корофаринони Қазоқистон ба риёсати муовини вазири тиҷорат ва ҳамгароӣ ин кишвар ба Душанбе хоҳад буд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, фардо ҳайате аз корофаринони Қазоқистон ба риёсати муовини вазири тиҷорат ва ҳамгароӣ ин кишвар вориди Душанбе мешавад.

Сафари ҳайати корофаринони Қазоқистон дар чорчуби панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом мешавад ва шомили 15 ширкати қаззоқии фаъол дар саноати ғизоӣ, сохтумонӣ, нафт, химиявӣ, фановарии иттилоот, дорусозӣ ва ғайра хоҳад буд, ки дар ҳоли ҳозир ба Тоҷикистон коло содир мекунанд ё қасди содироти маҳсулот ба Тоҷикистонро доранд.

Соати 9 субҳи 12 сентябр бо ҳадафи эҷоди тамосҳои мустақим ва ташдиди равобити тиҷорӣ байни корофаринони тоҷик ва қаззоқ, дар меҳмонхонаи “Хилтон”-и шаҳри Душанбе баргузории ҳамоиши муштараки тиҷорӣ бо мушорикати шуъбаҳои касбу кори ду кишвар барномарезӣ шудааст.

Интизор меравад бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти маҳофили тиҷории ин рӯйдод бистаре барои густариши фурсатҳои тиҷории ду кишвар, табодули таҷрибиёт ва густариши иртиботот байн корофаринони тоҷик ва қаззоқ ва ҳамчунин таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад