Паёми ИМА ба муносибати ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон

Энтони Блинкен, Котиби давлатии ИМА гуфтааст, кишвараш аз истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад.

Энтони Блинкен, Котиби давлатии ИМА гуфтааст, кишвараш аз истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Амрико дар як паёме аз номи ҳукумати ин кишвар мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Истиқлолият табрик гуфт.

Тоҷикистон 32 сол қабл, дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон кард.

Энтони Блинкен дар паёми табрикотии худ ба таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла равобити иқтисодӣ ва дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ишора кард. “Мо таъкид мекунем, ки имкониятҳои зиёд барои идомаи ҳамкории муштарак ҷиҳати пешрафти робитаҳои иқтисодӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон вуҷуд доранд” омадааст, дар пайёми вазири корҳои хориҷии Амрико ба мардуми Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз аввалин кишварҳое аст, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Соли гузашта, ду кишвар 30-солагии барқарории робитаҳои худро таҷлил карданд.

Сафорати ИМА гуфт, дар сӣ соли ахир ба Тоҷикистон барои таъмини амният беш аз 330 миллион доллар кумак расондааст. Дар умум кумакҳои ин кишвар ба Тоҷикистон сар аз соли 1992 то кунун беш аз 1,8 миллиард доллар будааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо бо ҳар роҳ талош мекунанд, ки минтақаи Осиёи Марказиро ноором созанд, аммо нақшаҳои худро амалӣ карда наметавонанд.

Ғарб талошҳои худро барои “ҷудо кардани” Осиёи Марказӣ аз Русия афзоиш дод.

Дар ин бора дар гузориши нави маҳфили мубоҳисавии байналмилалии “Валдай” “Осиёи Марказӣ ва бӯҳрони Украина” гуфта шудааст.

Бо оғози амалиёти вижа дар Украина, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо талошҳои худро барои ҷудо кардани кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз Федератсияи Русия афзоиш доданд, аммо онҳо наметавонанд дар оянда чунин сенарияро амалӣ кунанд.

Маълумотҳо дар соли 2022 нишон медиҳад, ки рӯйдодҳои Украина ба вазъи геополитикии минтақа чӣ гуна таъсир расонидааст.

Дар гузориш омадааст:

“Департаменти давлатии ИМА нияти худро барои “ҷудо кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русия” мустақиман эълон мекунад ва Оҷонсии рушди байналмилалӣ (USAID) вазифа мегузорад, ки вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бозорҳо ва роҳҳои содиротии Русияро коҳиш диҳад”.

Ба гуфтаи коршиносон, бо вуҷуди ҳама зарбаҳо, кишварҳои Осиёи Марказӣ суботро нигоҳ дошта, тавонистаанд элитаи сиёсии худро муттаҳид созанд ва аз паёмадҳои манфии ошкоршуда дар иқтисод худдорӣ кунанд.

гузоришгарон гуфтаанд:

“Аммо дар ҳамбастагии нерӯҳои беруна, ки манофеъашон дар Осиёи Марказӣ ба ҳам мепайвандад, тағйироти ҷиддие ба вуқӯъ пайваст”.

Дар баробари ин, коршиносон ба иқдомоти ахири Вашингтон ва Брюссел ишора мекунанд, ки щадафи онҳо “ноором кардани минтақа” аст, онҳо талош доранд, ки муқовиматро бо бузургтарин мухолифон – Русия ва Чин боз ҳам шадидтар кунанд.

Ба ин суханрониҳои дурушти дастаҷамъонаи Ғарб ва кӯшишҳои ниҳоят ба нафъи худ гардонидани мавқеи Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, “шарикони ғарбӣ ҳоло аз Осиёи Марказӣ талаб доранд, ки “тараферо интихоб кунанд”. Дар баробари ин, Федератсияи Русия барои кишварҳои ҳамсоя иттифоқчии боэътимод боқӣ мемонад.

Дар мавод омадааст:

“Русия бузургтарин шарики сармоягузорӣ ва тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, ҳамзамон кафили амният дар минтақа аст”.

Таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки Федератсияи Русия набояд мушкилоти дохилии рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва фишор болои онҳоро нодида бигирад.

Пажӯҳишгарон хулоса мекунанд, ки “мо набояд аз нишонаҳои зиёди нооромшавии эҳтимолии ҳам бар зидди худи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам ба равобити онҳо бо Русия чашм пӯшем.”

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад