Зеленский: Пригожинро Путин куштааст

Владимир Зеленский раисҷумҳури Украина дар як нишасти хабарӣ ба ҳамтои русии худ дар бораи кушта шудани Евгений Пригожин, фармондеҳи гуруҳи шибҳи низомии “Вагнер” иттиҳом зад.

Бо гузашти 17 рӯз аз суқути маргбори ҳавопаймои ҳомили Евгений Пригожин ва иттиҳомзаниҳои мақомҳо ва расонаҳои ғарбӣ ба Русия дар ин бора, Владимир Зеленский иддао кард, ки кушта шудани фармондеҳи Вагнер кори Владимири Путин буд.

Ҳавопаймои сабуке, ки 23 август дар ҳоли интиқоли Евгений Пригожин фармондеҳи гуруҳи шибҳи низомии Вагнер аз СанПетербург ба Маскав буд дар минтақаи шимоли Маскав суқут кард. Ин ҳодиса ба марги тамомии 10 сарнишини ҳавопаймо аз ҷумла ду мақоми аршади Вагнер, чаҳор маъмури ҳифозат аз Пригожин  ва се хадамаи ҳавопаймо шуд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерс, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина рӯзи ҷумъа муддаӣ шуд, ки кушта шудани Евгений Пригожин кори Владимир Путин, раисҷумҳур Русия будааст.

Вай дар нишасти хабарӣ дар Киев алайҳи раисҷумҳури Русия иддао кард: “ин воқеият, ки ӯ Пригожинро кушт-ҳаддиақал ин иттилоотест, ки ҳамаи мо дар ихтиёр дорем–ва ин нишондиҳандаи ақлонияти ӯст ва ҳамчунин нишондиҳандаи ин воқеият мебошад, ки ӯ заъиф аст.”

Иттиҳомзании раисҷумҳури Украина ба ҳамтои рус дар шароите матраҳ шуда, ки сухангӯи Кремл дар бораи суқути ҳавопаймои ҳомили Евгений Пригожин, фармондеҳи гуруҳи шибҳи низомии Вагнер гуфта буд: “ҳануз мадорики зиёде вуҷуд надорад, ки бояд дар ҷараёни таҳқиқот равшан шавад. Натоиҷи расмии таҳқиқот дар бораи ҳодисаи ҳавоӣ, ки Пригожин  дар он кушта шуд мунташир мешавад.”

Димтрий Песков дар вокуниш ба иттиҳомзании кишварҳои ғарбӣ ва украиниҳо ба Русия мабнӣ бар дастдоштан дар қатли Пригожин, тасреҳ карда буд: “тамоми ин гамоназаниҳо комилан дуруғаст.”

Хабаргузории инглисии Ройтерс дар гузориши худ дар бораи суханони Зеленский алайҳи раисҷумҳури Русия иттиҳоми тунде алайҳи Владимир Путин матраҳ ва иддао кард: “бисёре аз мунтақидони Путин дар ҷараёни 23 соли ҳузури ӯ дар қудрат, таҳти шароите номушаххас кушта шуда ё ба сахтӣ аз марг фирор кардаанд.”

Изҳороти раисҷумҳури Украина алайҳи Владимир Путин дар шароите матраҳ шуда, ки даргириҳои низомӣ ва ҷанг байни ин ду кишвар бо мудохилаи шадиди кишварҳои ғарбӣ ҳамчунон идома дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад