Машварати вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон

Вазирони хориҷаи Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон дар чаҳорчуби як нишасти видеоӣ вазъи ахири ҳамкориҳои бисёрҷонибаро баррасӣ карданд.

Дар як конфронси видеоӣ вазири корҳои хориҷии Узбекистон, Бахтиёр Саидов, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Рашид Мардов, вазири корҳои хориҷии Туркманистон машварат карданд.

Дар чаҳорчуби ин видеоконфронс, тадобири зарурии мулоқоти руасои ҷумҳури Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон, ки дар авоили моҳи августи соли ҷорӣ дар Ишқобод баргузор мешавад, баррасӣ шуд.

Вазирони корҳои хориҷии дар боло зикршуда лоиҳаи барнома, рӯзномаи ҷаласаи дарпешистода, инчунин лоиҳаи ҳуҷҷати ҷамъбастии ҷаласаро баррасӣ карданд.

Дар ин замина вазирони корҳои хориҷӣ доир ба ҷанбаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад