Бурсияҳо ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ меҳвари гуфтугӯи сафири Эрон бо Вазири маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо сафири Эрон дар Душанбе гуфт, ки тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм ба фоидаи ҳарду кишвар аст.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо сафири Эрон дар Душанбе гуфт, ки тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм ба фоидаи ҳарду кишвар аст.

Ба гузориши манбаъ:

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Ба иттилои вазорати маориф ва илм Раҳим Саидзода дар гуфтугӯҳо аз рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эрон дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ҳамзамон, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадтақии Собирӣ қайд намудааст, ки вохӯрии имрӯза боиси вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.

Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ дар самти маориф ва илм бо Эрон дар асоси Тафоҳумномаи ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва омӯзишӣ байни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва омӯзиши олии Эрон аз 31 декабри соли 1996 ба роҳ монда шудааст.

Қайд карда шудааст, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, бурсияҳои таҳсилӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва шурои дифоъ барои ҳимояи корҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин дар хабарҳо омада буд:

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Ҳусейни Салоҳварзӣ, раиси Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон мулоқот кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидор ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи сармоягузорӣ ва тиҷорат, ҷалби ширкатҳо ва сармоягузорони эронӣ ба иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Мавзуи ширкати тоҷирони эронӣ дар ҳамоишҳо ва намоишгоҳҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Тоҷикистон низ баррасӣ шудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад