Қазоқистон пештоз дар ҷазби сармояи хориҷӣ

Қазоқистон дар соли 2022 беш аз 6 миллиард доллар сармоягузори мустақими хориҷӣ дар иқтисоди худ ҷазб кард.

Қазоқистон дар соли 2022 беш аз 6 миллиард доллар сармоягузори мустақими хориҷӣ дар иқтисоди худ ҷазб кард.

Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон кишваре аст, ки тавониста дар соли гузашта беш аз 6 миллиард доллар сармоягузори хориҷӣ ҷазб кунад.

Бар асоси гузориши Созмони Милал, Қазоқистон аз назари сармоягузорӣ дар фазои пас аз Шӯравӣ ва дар миёни кишварҳои маҳсур дар хушкӣ ба як раҳбар табдил шудааст.

Ба таври куллӣ, давоми соли гузашта, кишварҳои Осиёи Марказӣ 10 миллиард доллар ҷазб кардаанд, ки 61 дарсад аз они Қазоқистон будааст, ки барои ин кишвар як рекорд дар 5 соли гузашта ба ҳисоб меояд.

Узбакистон, Литва, Гурҷистон, Беларус ва Латвия дар рутбаҳои баъдии ин феҳрист аз назари холиси вуруди сармоягузори хориҷӣ қарор доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад