Сангинии бори иқтисодии давлати Эрдуғон бар дӯши мардуми Туркия

Давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба манзури афзоиши даромадҳои худ ва мутаоқибан муқобила бо буҳрони иқтисодӣ, гирифтани молиёт аз мардуми Туркияро афзоиш додааст.

Пойгоҳи иттилоърасонии “Gazete Duvar” бо интишори гузорише дар ин замина навишт: “Давлати Туркия қасд дорад бо афзоиши молиёт бар арзиши афзуда, 30 миллиард лир даромади бештар касб кунад”.

Мардуми Туркия ҳафтуми июл бо мавҷи ҷадиде аз афзоиши қобили тавваҷуҳи молиётҳо мувоҷеҳ шудаанд. Молиёт бар арзиши афзуда (VAT)-и колоҳову хадамот низ бо ду дарсад афзоиш, аз 18 дарсад ба 20 дарсад расида, дар ҳоле ки нархи молиёт бар арзиши афзудаи ҳаштдарсадии эъмолшуда барои бархе колоҳоро ба 10 дарсад афзоиш додааст. Нархҳои ҷадид аз 10 июл ба сурати расмӣ эъмол хоҳанд шуд.

Аз сӯи дигар, афзоиши молиёт сирфан ба молиёт бар арзиши афзуда маҳдуд намешавад. Бар ин асос, ҳазинаи муколимоти телефонии хориҷӣ аз 6019 лир ба 20 ҳазор лир ва молиёти бонкии вомҳои дарёфтии мардум низ аз даҳ дарсад ба 15 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ҳоле ки ҳазинаи судури виза, дафтари асноди расмӣ ва гузарнома 50 дарсад афзоишро нишон медиҳад. Ин дар ҳолест, ки давлати Эрдуғон ба тозагӣ молиёти васоили нақлияи моторӣ (OTV)-ро ба ду баробар ва молиёти умумии ширкатҳоро аз 20 дарсад ба 25 дарсад афзоиш додааст.

Иқтисоддонони “Oyak Yatırım” пешбинӣ кардаанд, афзоиши молиёти ширкатҳо беш аз 100 миллиард лир ва молиёти васоили мотории OTV ҳудуди 40 миллиард лир дар соли 2023 мелодӣ даромад оиди давлат мекунад.

Ду моҳ пас аз пирӯзии Раҷаб Тайиб Эрдғон барои сеюмин давраи пайдарпайи раёсати ҷумҳурии Туркия мушаххас мешавад, ки Эрдуғон ва давлати таҳти амраш натавонистаанд ба ваъда-ваидҳои худ дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ амал кунанд. Дар ҷараёни интихоботи ахир раиси ҷумҳурии Туркия аз мардуми ин кишвар хоста буд, ба ӯ эътимод ва аз додани раъй ба мухолифон парҳез кунанд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, мухолифони давлати худро афроде вобаста муаррифӣ карда буд, ки қасд доранд Туркияро бори дигар дар тавтеаҳои Амрикову Ғарб гирифтор кунанд.

Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарони мухолифи давлати Эрдуғон таъкид карда буданд, дар сурати шикасти Камол Қиличдоруғлу, раҳбари эътилофи мухолифон рӯзе фаро мерасад, ки мардуми Туркия ҳатто бояд пиёзу себзаминиро ҳам ба сурати ададӣ харидорӣ кунанд ва имкони хариди килоӣ надошта бошанд.

Алӣ Байрамуғлу, иқтисоддони барҷастаи турк дар остонаи дуюмин даври сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркия ба тими мухолифони давлати Эрдуғон тавсия карда буд: «Агар мехоҳед пирӯз шавед, ҳатман талош кунед шароити ҷаҳаннамии иқтисодии Туркияро барои мардум ба дурустӣ тавсиф кунед».

Алӣ Бобоҷон, раиси ҳизби Ҷаҳиш ва демократия ва аз иқтисоддонони барҷастаи турк, ки дар даҳаи нахусти ҳокимияти давлати Эрдуғон дар самти вазири иқтисоди Туркия хадамоти шоёне ба иқтисоди ин кишвар карда буд низ бо баршумурдани хатарҳое гуфта буд, ки дар сурати интихоби дубораи Эрдуғон сақфи гуруснагӣ ба 50 ҳазор лира афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳамакнун миллионҳо нафар аз мардуми Туркия бо кафи ҳуқуқу дастмузди ҳашт ҳазору 500 лира, рӯзгори сахтеро сипарӣ мекунанд. Алӣ Бобоҷон, иқтисоддони барҷаста ва яке аз меъморони барҷастаи иқтисоди Туркия ҳамчунин таъкид карда буд: «Дар сурати пирӯзии Эрдуғон ҳар як аз мардум фақиртар мешаванду ҷойгоҳу аҳамияти Туркия дар иқтисоди ҷаҳонӣ таназзул пайдо хоҳад кард».

Чунин ба назар мерасад, ки камтар аз ду моҳ пас аз эъломи натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркия, пешбиниҳои ҷараёни мухолифи давлати Анкара, ба вижа дар арсаҳои иқтисодӣ дурусттару усулитар будааст.

Мардуми Туркия аз моҳҳо пеш бо душвориҳои иқтисодӣ дасту панҷа нарм мекунанд ва бо вуҷуди афзоиши дубораи қиматҳо бояд мунтазири вокуниши масрафкунандагон ба афзоиши қиматҳо буд.

Воқеият он аст, ки Туркия ҳамчунон бо буҳрони иқтисодии шадиде рӯ ба рӯ аст ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии ин кишвар бо вуҷуди ваъдаҳои интихоботии худ то кунун барои рафъ ва ё коҳиши шиддати ин буҳрон натавонистааст муваффақияте касб кунад. Эрдуғон пас аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи май ва тасоҳуби дубораи унвони раёсати ҷумҳурӣ, тасмимгирандагони иқтисодӣ – пулии ҷадиде бар кор гумоштааст. Аммо тасмимоти гуруҳи ҷадид низ натиҷаи мусбате надоштааст. Афзоиши баҳраи бонкӣ нахустин тасмими иттихозшудаи давлати ҷадиди Эрдуғон буд, ки натиҷае надоштааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад