Cафари вазири хориҷаи Эрон ба Озарбойҷон дар миёнаи иқдомоти ғайридӯстонаи Боку

Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури ширкат дар нишасти вузарои хориҷаи Ҷумбиши адами таъаҳҳуд ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кардааст.

Нишасти вазирони Ҷумбиши адами таъаҳҳуд бо унвони «Ҷумбиши адами таъаҳҳуд: Муттаҳиду устувор дар мувоҷиҳа бо чолишҳои навзуҳӯр » чаҳоршанбе ва панҷшанбеи 5 ва 6 июл дар Боку-пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни ширкат дар ин нишаст бо бархе ҳамтоён ва аз ҷумлаи ҳамтои озарбойҷонии худ дидору гуфтугу хоҳад кард . Дидори вазирони умӯри хориҷаи Эрону Озарбойҷонро бо тавваҷуҳ ба бархе мушкилоти кунӯнӣ дар равобити ду кишвар метавон муҳим арзёбӣ кард.Ҷайҳун Бойромов- вазири хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон 25 июн ( 4 тир ) дар гуфтугуи телефонӣ бо ҳамтои эронӣ бо таъкид бар иртиботи мустақими тарафайн дар ҳавзаҳои мухталиф нисбат ба тавсеаи беш аз пеши муносибот ва ҳаллу фасли бархе масоили боқимонда дар ояндаи наздик ибрози умедворӣ карда буд .
Воқеият ин аст, ки дар чанд моҳи гузашта Озарбойҷон иқдомотеи ғайрисозанда дар қиболи Эрон дар пеш гирифт ва ахиран низ ба шаҳрвандони худ дар бораи сафар ба Эрон ҳушдор додааст ; Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ин ҳушдор бо ишора ба ҳамлаи мусаллаҳона ба сафорати ин кишвар дар Теҳрон дар моҳи январ, ки бо ангезаи шахсӣ анҷом шуд, бори дигар ин иқдомро террористӣ хонд ва бо ишора ба таътилии сафорати ин кишвар дар Теҳрон ба атбоъи ин кишвар тавсия кард дар сурати сафар ба Эрон ҳушёр бошанд .
Ин дар ҳолест, ки Носири Канъонӣ-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон ба ин иқдоми Ҷумҳурии Озарбойҷони вокуниш нишон дод ва гуфт : « Вазорати хориҷаи Озарбойҷон нисбат ба сафари шаҳрвандони худ ба Эрон ҳушдор додааст ! ин ҳамон сиёсате аст, ки раиси режими ҷаълӣ, кӯдаккуш ва ишғолгари саҳюнистӣ ахиран дар сафар ба Боку дар пеш гирифт. »
Дар таҳаввули дигар Хазар Иброҳим-сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Амрико дар гуфтугӯ бо як расонаи яҳӯдии амрикоӣ равобити дуҷониба ва сеҷонибаи Боку, Вашингтон ва Тел-Авивро амиқ, густарда ва стратегӣ донист, аммо дар айни ҳол гуфт: « Ин равобит ба манзури таҳдиди ҳеҷ кишваре тарроҳӣ ва барномарезӣ нашудааст. Маҷмӯи ин иқдомот ва изҳороти ахири мақомоти Озарбойҷон дар қобили Эронро метавон нишондиҳанда набуди ҷиддият барои беҳбуди муносибот ва ҳамчунин қадам гузоштан дар масире таъбир кард, ки бо таҳрики тарафҳои хориҷӣ ба вижа саҳюнистҳо мумкин аст на фақат ба беҳбуди муносиботи ду кишвар наанҷомад, балки ба феҳристи ихтилофоти мавҷуди байни ду кишвар низ биафзояд.
Возеҳ аст ки Ҷумҳурии исломии Эрон дар чорчӯби як сиёсати усӯлӣ ва мантиқӣ аҳамияти болое барои густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Озарбойҷон қоил аст ва бар ҳамин асос таъомулоти сиёсӣ ва амниятиро бо ҳадафи барқарории сулҳи пойдор ва ҳамчунин тавсеаи равобити иқтисодӣ бо ин кишварҳо идома медиҳад, аммо Эрон дар айни ҳол таъкид дорад ки ҳар гуна ҳузури тарафҳои хориҷӣ аз ҷумла саҳюнистҳо дар ин минтақа таҳдиде алайҳи сулҳ ва субот хоҳад буд .
Муҳсини Покойин-сафири пешини Эрон дар Озарбойҷон дар ин бора мегуяд : ” Яке аз омилҳое ки ҳамвора ба дунболи тахриби равобити Эрону Ҷумҳурии Озарбойҷон буда ва худи озариҳо ҳам ба он воқиф ҳастанд, режими саҳюнистӣ аст . Иртибототи наздике ки ахирани Исроил бо Ҷумҳурии Озарбойҷон барқарор кардааст на танҳо алайҳи Эрон балки алайҳи ҷаҳони Ислом ва ормонҳои Фаластин аст . ”
Табиӣ аст авомили пайванддиҳанда ҳамчун ҳамсоягӣ, иштирокоти мазҳабӣ ва торихӣ, манофеи муштараки иқтисодӣ ва амниятӣ эҷоб мекунад Эрону Ҷумҳурии Озарбойҷон ба унвони ду кишвари ҳамсоя дар равобити дуҷониба ва минтақаӣ ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии наздик дошта бошанд ва бар ҳамин асос Ҷумҳурии исломии Эрон хоҳони бардоштан гомҳои иҷроӣ бо ҳадафи танишзудоӣ ва ҳифзи чорчубҳои дӯстонаи муносиботи ду кишвар ва бозгардондани раванди равобит ба масири табиии дӯстонаву созандаи устувор бар ҳамкории муштарак аст .
Сафари вазири умӯри хориҷаи Эрон ба Боку, дидор бо мақомоти Озарбойҷон ва ҳамчунин ширкат дар нишасти вузарои хориҷаи Ҷумбиши адами таъаҳҳуд низ дар ҳамин чорчуб қобили арзёбӣ аст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад