Эътирофи Зеленский ба нотавонии Украина дар зидди ҳамла алайҳи Русия

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Украина, анҷоми зидди ҳамлаи ин кишвар ба далели мушкилот дар майдони набард суст шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “CNN”, “Владимир Зеленский”, раиси ҷмҳуири Украина дар суханоне таъкид кард, ки ба раҳбарони Амрико ва Аврупо гуфтааст, ки Украина мехоҳад зудтар ҳамлаи мутақобили худ алайҳи Русияро оғоз кунад, аммо барои ин кор ба силоҳҳои бештаре ниёз дорад.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Украина, зидди ҳамлаи ин кишвар ба далели мушкилоти мутааддид ва камбуди имконоти низомӣ ва фаннӣ дар майдони набард суст шудааст. Зеленский бо ишора ба инки Украина барои анҷоми зидди ҳамла бо маҳдудиятҳои бисёре рӯбарӯст, гуфт: «ман мехостам зидди ҳамлаи мо хеле зудтар иттифоқ биафтад, зеро ҳамаи медонистанд, ки агар зидди ҳамла дертар шурӯъ шавад, бахши бузургтаре аз хоки мо мингузорӣ мешавад. Мо ба душмани худ замон ва имкон медиҳем то минҳои бештаре қарор диҳад ва хутути дифоӣ худро омода кунад.»

Зеленский афзуд: «ман аз Иёлоти Муттаҳида ба унвони муттаҳиди пешрав дар ҳимоят аз Украина сипосгузорам, аммо ба онҳо ва ҳамчунин раҳбарони Аврупо гуфтам, ки мо дӯст дорем ва мехоҳем ҳамлаи мутақобили худро зудтар оғоз кунем ва барои он ба ҳама силоҳҳо ва таҷҳизот ниёз дорем. Чаро? Зеро агар дертар шурӯъ кунем, кунадтар пеш хоҳем рафт ва ҳар чӣ дертар шурӯъ кунем, анҷоми амалиёт бароямон сахттар мешавад.»

Ба гуфтаи Зеленский, дар сурате, ки Украина тӯпхона ва мушакҳои дурбурди бештаре дошта бошад, зидди ҳамла метавонад тасреъ шавад. Ӯ гуфт: «дар бархе ҷиҳот, ин фурсат барои мо ҳаст то зидди ҳамларо оғоз кунем, аммо дар бархе ҷиҳот, мо ҳатто наметавонем ба шурӯъи он фикр кунем, зеро силоҳҳои марбутаро надорем.»

Артиши Украина аз ибтидои моҳи ҷорӣ талошҳои мукарраре барои анҷоми як ҳамла алайҳи неруҳои Русия анҷом додааст. “Никлай Патрушев”, дабири Шӯрои амнияти Русия пештар дар 22 июн гуфта буд, ки аз оғоз ҳамлаи мутақобили неруҳои украинӣ, талафоти ин кишвар аз 13 ҳазор сарбоз ва неруи низомӣ фаротар рафтааст. Ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, неруҳои украинӣ дар ҳеҷ заминае шоҳиди муваффақият нестанд.

Пештар низ як генерали бознишастаи Фаронса пешбинӣ карда буд, ки Украина наметавонд дар зидди ҳамалоти худ ба муваффақияте даст ёбад. “Жан Бернард Пинател” генерали бознишастаи Фаронса дар мусоҳибаи видеоӣ бо ТАСС гуфт: зидди ҳамлоти артиши Украина маҳкум ба шикаст аст, зеро артиши Русия бар Украина аз ҳама ҷиҳот бартарӣ дорад.

Ин низомии бознишастаи Фаронса бо таъкид бар тавонмандии низомии Русия дар ҷабҳаи набард афзуд, ки мутлақан ба муваффақияти зидди ҳамлаи Украина эътиқод надорад. Русҳо бартарии ҳавоӣ қобили таваҷҷуҳе доранд. Онҳо дар замин низ дасти бартарро доранд. Ҳатто худи украиниҳо низ изъон мекунанд, ки онҳо рӯзона 4 ҳазор гулӯла шиллик мекунанд, ин дар ҳоле аст, ки ин рақам барои Русия 20 ҳазор гулӯла аст.

Бернард Пинател, ҳамчунин гуфт: «дар нисбати талафот дар таҷҳизот ва неруҳои низомӣ низ вазна ба нафъи Русия аст.» ин низомии бознишастаи Фаронса таъкид кард, ки артиши Украина ба шиддат аз камбуди манобеи инсонӣ ранҷ мебарад.

Ду мақоми ғарбӣ ва як мақоми аршади низомии Амрико чанде пеш дар гуфтугӯ бо шабакаи “CNN” изъон карданд, ки пешбинии онҳо аз тавони дифоӣ ва тавонмандиҳои артиши Украина иштибоҳ буда ва зидди ҳамлоти артиши Украина токунун ҳеҷ дастоварди муҳимме надоштааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад