Ҳалокати чанд нафар дар пайи тармафароӣ дар Бадахшон

Бар асари резиши тарма дар Шош-Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки субҳи имрӯз рух дод, чанд нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар пайи ин ҳодиса, дастикам 4-5 нафар ба ҳалокат расидаанд. Бо ин ҳол, то ҳоло маълум нест, ки онҳо сокинони ин маҳалла ҳастанд ва ё меҳмонон аз манотиқи дигар будаанд.

“Ду нафар аз ҳодисадидагон дар роҳи бемористон ба ҳалокат расидаанд. Аз субҳ боз дар саросари Хоруғ нерӯи барқ ​​ва об нест”.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба гуфтааст, ки ҳодиса субҳи имрӯз дар кӯчаи Носири Хусрав рух дод ва ҳоло наҷотбахшон дар маҳалли ҳодиса қарор доранд.

“То ин соат 7 сокин, бо шумули як кӯдаки 5 сола, аз зери тарма берун кашида шудаанд. Ду нафари дигар ба ҳалокат расидааст. Ҷустуҷӯи сокинони дигар идома дорад”. Гуфта мешавад, тарма ба хатти нерӯи барқ низ осеб расонда, шаҳри Хоруғро бе барқ гузоштааст.

Дар ҳамин ҳол, бинобар гузоришҳои расонаҳо дар 14-уми феврал, дар километри 8-уми роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа низ як мошин бо даҳ мусофир ва ронанда зери тарма мондаанд. Дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ набудааст, вале ҳамаи мусофирон ҷароҳат бардоштаву ба бемористон интиқол дода шуданд.

Аз зери тарма раҳо кардани мошин дар деҳаи Шодии ноҳияи Роштқалъа

 

Гуфта мешавад, ки ҳодисаи мазкур дар деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа рух додааст ва тарма мошини “Toyota-микроавтобус”-ро бо ронанда ва 10 мусофираш ба соҳили рӯди Шоҳдара партоб кардааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан низ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар хабар дода буд, ки бар асари резиши тарма дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, минтақаи Варзоб дар умум 10 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад