Таҳдиди Тоҷикистон аз суи Афғонистонро сареъ посух медиҳем

Раиси ситоди муштараки Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ изҳор дошт, агар Тоҷикистон бо таҳдиде аз тарафи Афғонистон рӯбарӯ шавад, неруҳои ин созмони зарфи 12 соат вокуниш нишон хоҳанд дод.

Ба гузориши хабаргузории ТоҷидПресс, Анатолий Сидоров, раиси ситоди муштараки Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт, агар Тоҷикистон аз тарафи Афғонистон бо таҳдиде мувоҷеҳ шавад, неруҳои ин созмони тайи 12 соат ба он вокуниш нишон хоҳанд дод.

Вай бо изҳори инки СПАД иҷозаи таҳаррукот аз тарафи Афғонистон алайҳи тамомияти арзии Тоҷикистонро нахоҳад дод, хотирнишон кард ин созмон бар лузуми иттихози тадобир барои итминон аз ҳаллу фасли мусолиматомези вазъиятҳои эҳтимолӣ таъкид дорад.

Ба гузориши ТАСС, Сидоров дар ин бора гуфт: “ба шумо итминон медиҳам Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳаргиз Тоҷикистонро раҳо нахоҳад кард. Мо дарк мекунем Тоҷикистон ҷиноҳи ҷанубии созмон аст, ки дар он вазъият нисбатан печида ва душвор аст. Мо омодаем аз ҳаргуна таҳрик алайҳи тамомияти арзии Тоҷикистону соири кишварҳои узви созмон аз ҷониби ҷануб ҷилавгирӣ кунем.”

Раиси ситоди муштараки СПАД бо таъкид бар лузуми назорат бар вазъият дар имтидоди марзи Тоҷикистон ва Афғонистон гуфт, неруҳои зиёде аз ҷумла дар Афғонистон вуҷуд доранд, ки ба дунболи эҷоди бесуботӣ ҳастанд.

Сидоров баён дошт: “увлавияти аслии мо ҷилавгирӣ аз чунин иқдомотест, ки моро ғофилгир кунад.”

Пеш аз ин Замир Кобулов, намояндаи вижаи Путин гуфта буд, ки Амрико ва Инглис ба манзури ноамнии Осиёи Марказӣ ва марзҳои ҷанубии Русия барои тақвияти сангарҳои ДИИШ дар Афғонистон талош мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад