Афзоиши талафоти заминларзаи маргбори Туркия ва Сурия то 40 ҳазор нафар

Тибқи омор ва арқоми расмӣ, талафоти заминларзаи маргбори ҳафтаи гузашта дар Туркия ва Сурия ба беш аз чиҳил ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Тибқи омор ва арқоми расмӣ, талафоти заминларзаи маргбори ҳафтаи гузашта дар Туркия ва Сурия ба беш аз чиҳил ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, бар асоси омори расмӣ, беш аз чиҳил ҳазор нафар бар асари заминларзаи фоҷиабори ҳафтаи гузашта дар Туркия ва Сурия ҷони худро аз даст додаанд.

Шабакаи расонаӣ Рудави (Курдистони Ироқ) гузориш кард, заминларзаи мухарриби ба бузургии 7.8 дараҷаи рӯзи шашуми феврал Туркияро ларзоанд ва шиддати он ба андозае буд, ки кишварҳои дигари ғарби осиё аз ҷумла Сурия низ таҳти таъсири шадиди он қарор гирифтанд. Конуни аввалин заминларза шаҳри “Қаҳрамон Мареш” Туркия эълом шуд.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раиси ҷумҳури Туркия авохири рӯз гузашта (сешанбе) дар ҷараёни суханронӣ дар мақарри маркази муқобила бо ҳаводиси ғайри мутараққибаи Туркия “Офод” эълом кард, ки талафоти заминларзаи маргбор дар ин кишвар ба 35 ҳазор ва 418 нафар расидааст ва 105 ҳазор ва 505 захмӣ токунун сабт шудааст.

Аз тарафи дигар, дидабони ҳуқуқи башари Сурия (SOHR), дар гузорише эълом кард, ки токунун талафоти заминларзаи маргбор дар Сурия ба панҷ ҳазор ва 417 нафар расидааст.

Шиддати заминларзаи ҳафтаи гузашта дар Туркия ба андозае боло буд, ки ин заминларза дар кишварҳои Туркия, Сурия, Лубнон, Фаластин, Ироқ, Урдун, Миср, Арабистони Саудӣ ва бахшҳое аз Украина ва Аврупо аз ҷумла Юнон, Булғория ва… Ба сабт расид.

Туркия яке аз фаъолтарин манотиқи зилзилахез дар ҷаҳон аст. Охирин заминларза 7.8 дараҷаи ин кишвар дар соли 1939 ба вуқӯъ пайваст, ки дар он 33 ҳазор нафар дар устони ”Арзанҷон” воқеъ дар шарқи Туркия ҷони худро аз даст доданд.

Аз тарафи дигар, минтақаи Дозҷаи Туркия дар соли 1999 дучори зилзилаи 7.4 дараҷа шуд, ки дар он беш аз 17 ҳазор нафар кушта шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад