Сармоягузорӣ меҳвари дидори сафири Тоҷикистон бо раиси бахши бозаргонии Уммон

Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Уммон бо раиси утоқи бозаргонӣ ва саноеъи ин кишвар дидору гуфтугӯ кардааст.

Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Уммон бо раиси утоқи бозаргонӣ ва саноеъи ин кишвар дидору гуфтугӯ кардааст.

Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Уммон мулоқот карда ва имкони густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишварро баррасӣ кардааст.

“Зубайдуллоҳ Зубайдзода”, сафири Тоҷикистон дар Уммон бо “Ризо Ҷумъа Ал-Солеҳ”, раиси утоқи бозаргонӣ ва саноеъи ин кишвар дидору гуфтугӯ кардааст. Дар ин дидор дар мавриди ҷалби сармоягузорони Уммонӣ барои иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон, афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар ва ҳамчунин баргузории нишастҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд.

Сафири Тоҷикистон дар ин рӯз ҳамчунин бо “Наиф бин Алӣ Ал-Абрӣ”, раиси идораи ҳавопаймоии Уммон мулоқот карда, масоъили ҳамкориҳои сохторҳои авиатсионии Тоҷикистону Уммон ва ифтитоҳи парвозҳои мустақим миёни ду мамлакатро баррасӣ кардааст.

Бино ба маълумоти Ожонси омори вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули коло миёни ин кишвар ва Уммон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 500 ҳазор доллар буда, комилан ба воридоти маҳсулоти Уммонӣ ба Тоҷикистон марбут аст.

То кунун Уммон ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ накардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад