Самарқанд мизбони нишасти Созмони кишварҳои туркзабон

 Нахустин нишасти Созмони кишварҳои туркзабон, ки ба ҷойи шӯрои турк эҷод шуд, рӯзи 11 ноябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад.

Нахустин нишасти Созмони кишварҳои туркзабон, ки ба ҷойи шӯрои турк эҷод шуд, рӯзи 11 ноябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад.

Нахустин нишасти Созмони кишварҳои туркзабон, ки ба ҷойи шӯрои турк эҷод шудааст, рӯзи 11-уми ноябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад. Гуфтанӣ аст, ин нахустин нишасти сарони Созмони кишварҳои туркзабон хоҳад буд, ки ба ҷойи шӯрои турк дар ноябри моҳи соли 2021 эҷод шуд.

Созмони кишварҳои туркзабон як созмони байналмилалӣ аст ва кишварҳои туркро ба ҳамдигар пайванд медиҳад.

Ҳадафи аслии ин созмон густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни кишварҳои узви ин созмон аст.

Ин созмон дар таърихи 3 октябри соли 2009 дар шаҳри Нахҷавон дар Озарбойҷон таъсис шудааст.

Ҳамакнун Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Узбакистон аъзои ин созмон ҳастанд. Венгрия ва Туркманистон мақоми нозири дар ин созмонро доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад