Умедвории Тоҷикистон ва Қирғизистон оиди қатъи низоъ дар марз

Роҳбарони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон санад дар бораи қатъи низоъ дар минтақаҳои сарҳадии ду кишварро ба имзо расонданд.

Роҳбарони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон санад дар бораи қатъи низоъ дар минтақаҳои сарҳадии ду кишварро ба имзо расонданд.

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев санад барои қатъи мухолифат дар марзро ба имзо расондаанд.

Ба иттилои мақомоти тоҷик, музокироти навбатии ҷонибҳо дар гузаргоҳи марзии “Қизил-Бел” дар вилояти Бодканд сурат гирифтааст. Аз ҷониби Тоҷикистон дар он Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ, Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд иштирок доштаанд.

Ҷонибҳо изҳори умед кардаанд, ки бандҳои созишномаи имзошуда амалӣ мегардаду дар сарҳади ду давлат суботу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил барқарор мегардад.

Аз ҷониби Қирғизистон Тошиев дар суҳбат бо расонаҳо эълон кард, ки сокинони беруншуда аз минтақаҳои марзӣ метавонанд ба хонаҳояшон баргарданд. Вай кафолат додаст, ки вазъ дар марз ором хоҳад буд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ боиси таниш мегардад, ки баъзан ба тирпарронию марги одамон мепечад.

Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳро аз ҳар ду ҷониб барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғоз ва шиддати ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад