Душанбе мизбони намоишгоҳи кишоварзӣ ва шаҳрии Тоҷикистон ва Русия

 Ба мизбонии Тоҷикистон дар муҷтамаи Кохи Борбад дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 18-19 октябри имсол намоишгоҳи русӣ ва тоҷикӣ таҷҳизоти кишоварзӣ, сохтмонӣ, ҷоддаӣ ва шаҳрӣ баргузор мешавад.

Ба мизбонии Тоҷикистон дар муҷтамаи Кохи Борбад дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 18-19 октябри имсол намоишгоҳи русӣ ва тоҷикӣ таҷҳизоти кишоварзӣ, сохтмонӣ, ҷоддаӣ ва шаҳрӣ баргузор мешавад.

Дар поёни даҳаи дувуми моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳи муштараки Тоҷикистон ва Русия барпо мешавад. Ин намоишгоҳ рӯзҳои 18 то 19 октябр дар маҳалли Кохи Борбад дар шаҳри Душанбе баргузор ва дар ҷараёни он таҷҳизоти модерни кишоварзӣ, сохтмонӣ, ҷоддаӣ ва шаҳрии сохти Русия ба намоиш гузошта мешаванд.

Илова бар ин, дар ҳошияи ин намоишгоҳ музокироти намояндагони Вазорати санъат ва тиҷорати Русия бо ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон барномарезӣ шудааст.

Бар асоси гузориши пойгоҳи расмии ин намоишгоҳ, ширкат дар ин рӯйдод фурсате барои мулоқот аз наздик бо харидорони тоҷик, барқарории тамосҳои тиҷорӣ, эҷоди бозори фурӯши ҷадид ва касби ҷойгоҳ дар онро фароҳам хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад