Вокуниши ПМТ ба фиристодани муҳоҷирин ба ҷанги Русияв ва Укроин

Паймони Миллии Тоҷикистон ПМТ, эътилофи мухолифини тоҷик дар хориҷ бо изҳори нигаронии шадид аз “иҷборан ба ҷанг сафарбар кардани муҳоҷирин, зиндониҳо ва касоне, ки тоза шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд”, аз тоҷикистониён хост ба ҳеҷ ваҷҳ дар ҷанги Русияв ва Укроин ширкат накунанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон ПМТ, эътилофи мухолифини тоҷик дар хориҷ бо изҳори нигаронии шадид аз “иҷборан ба ҷанг сафарбар кардани муҳоҷирин, зиндониҳо ва касоне, ки тоза шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд”, аз тоҷикистониён хост ба ҳеҷ ваҷҳ дар ҷанги Русияв ва Укроин ширкат накунанд.

Ҳамчунин ПМТ бо иниқод аз адами амали ҳукумати Тоҷикистон дар ин масъала ба шиддат интиқод карда, онро “нишонаи надоштани мавқеъи мушаххас ва идомаи бозиҳои пасипардардагии роҳбарияти кишвар” донист.

Шакли пурраи баёнияи ПМТ ба шакли зер аст:

Паймони Миллии Тоҷикистон дар пайи эълони нимфарохони низомӣ дар Русия аз ҳама тоҷикистониен даъват мекунад, ки аз рафтан ба ҷанг худдорӣ кунанд. Зеро, ширкат дар ин ҷанг на танҳо  қонунгузории Тоҷикистон ва меъерхои байналмиллалиро помол мекунад, балки ширкат дар таҷовузи ошкор алайҳи як кишвари мустақил мебошад.

Ба ҷанг иҷборан сафарбар кардани муҳоҷирин, зиндониҳо ва касоне, ки тоза шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, хеле нигаронкунанда мебошанд ва Паймони Миллии Тоҷикистон ин амалҳоро шадидан маҳкум мекунад.

Паймони Миллии Тоҷикистон ҳамзамон амалкардҳои заъиф ва духураи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи дифоъ аз ҷон ва ҳуқуқи шаҳрвандони кишварро нишонаи надоштани мавқеъи мушаххас ва идомаи бозиҳои пасипардардагии роҳбарияти кишвар медонад.  Дар сурате, ки ҳукуматҳои дигари кившарҳои ОМ дар сатхи шахсони аввал ва аъзои ҳукумат шаҳрвандони худро ҳушдор доданд, рохбарияти Тоҷикистон ҷасорати танҳо дар сатҳи сафорат мавуеъ гирифтанро дошт.

Паймони миллии Тоҷикистон талаб мекунад, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия гуруҳи кории махсус ташкил шавад, то ба шаҳрвандоне, ки намехоҳанд дар ин ҷанг ширкат кунанд, кумаки ҳуқуқӣ ва дипломатӣ расонида шавад.

Аз тарафи худ, Паймони Миллии Тоҷикистон талош мекунад ин масъаларо дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ кунад ва дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмиллалӣ кумаки машваратии худро ба ҳамватанон бирасонад.

Паймони миллии Тоҷикистон

23.09.2022

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад