Таъкид ба тақвияти ҳамкориҳо дар дидори Раҳмон ва Орипов

Абдулло Орипов, нахуствазири Узбакистон, ки дар раъси ҳайате вориди Душанбе шуд, бо Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни ин мулоқот, тарафайн дар фазои дӯстӣ ва дарки мутақобили вазъият ва чашмандози муносиботи Тоҷикистону Узбакистон ва роҳҳое тавсеаи онҳоро баррасӣ карданд.

Тарафайн ба густариши идомадор ва таъмиқи равобити ду кишвар, афзоиши мудовими ҳаҷми тиҷорати мутақобил ва фаъолияти комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ таъкид карданд.

Раисҷумҳури кишвар дар ин бора изҳори итминон кард, ки натоиҷи кори комиссия бетардид ба таҳкими ҳамкориҳои оянда байни ду кишвар кумак хоҳад кард.

Раҳмон бо ишора ба авлавияти равобити Тоҷикистону Узбакистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ба вижа ба аҳамияти ҳифзи тамосҳои сиёсӣ ва гуфтӯҳои мудовим дар сатҳҳои олӣ ва боло барои тақвияти пай дар пайи мушорикати истратежик байни ду кишвар таъкид кард.

Раисҷумҳур зимни баррасии масоили муҳими густариши ҳамкорӣ дар шароити коронавирус бори дигар аз Узбакистон барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба Душанбе ибрози ташаккур кард.

Раҳмону Орипов бо таваҷҷӯҳ ба таҳдиди ҷаҳонии ривоҷи коронавирус дар мавриди тадбирҳои лозим барои ҷилавгирӣ аз таъсири манфии бӯҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ бар пӯёи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар таъкид карданд.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди аҳамияти танавуъ бахшидан ба сохтори тиҷорати мутақобил ва рафъи монеаҳои фанни тиҷорат, идомаи кор дар заминаҳои ифтитоҳи хонаҳои бозаргонӣ, намояндагӣ ва шуъбаҳои ширкатҳои тарафайн дар қаламрави якдигар, истифодаи комилтар аз зарфиятҳои чашмраси ҳамкории сармоягузории ду кишвар суҳбат карданд.

Қайд карда мешавад, ки дар ин дидор аз арзаи барқи обӣ ва сохти зерсохтҳои ҷоддаии ҷадид ба унвони заминаҳои умедворкунанда ёд шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад