Дархости сармоягузорони чинӣ аз мақомот барои бозорёбӣ ва муштарӣ

Сармоягузорони чинӣ дар посух ба интиқоди муовини сарвазири Тоҷикистон аз вазъи корхонаи коркарди нафти Данғара аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки дар пайдо кардани муштарӣ кӯмак кунанд.

Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои мушорикати бахши давлатӣ ва хусусӣ, ки раёсати онро бар ӯҳда дорад аз оғоз  нашудани фаъолияти корхонаи коркарди нафти Данғара, ки ширкати чинии TK-oil ваъдаи онро барои соли 2018 дода буд, интиқод кард .

Муовини аввали нахуствазир дар идома бо баёни инки тамоми зерсохтҳои лозим, аз ҷумла хатти барқ, хатти рейлӣ ва об барои баҳрабардорӣ аз ин полоишгоҳ таъмин шуда ба ашхоси муртабит дастур дод иқдомоти лозимро барои шурӯи кори он анҷом диҳанд.

Намояндагони ширкати чинии TK-oil низ, ки дар ин нишаст ҳузур доштанд эълом карданд сохт ва таҷҳизи полоишгоҳи Данғара ба таври комил ба поён расидааст ва мушкили аслӣ, набуди бозори фурӯш аст.

Бо ин ҳоли онон ба таври дақиқ мушаххас накарданд, ки манзуршон аз “набуди бозори фурӯш” чист.

Сармоягузорони чинӣ аз давлати Тоҷикистон хостанд, то дар ёфтани муштарӣ ба онон кӯмак кунад.

Чанде қабл масъулони минтақаи озоди иқтисодии Данғара далели аслии таъхири дар роҳандозии ин полоишгоҳро набуди маводи аввалия бо қиммати муносиб дониста ва аз музокира бо ширкатҳои эронӣ, қазоқӣ ва русӣ барои арзаи маводи хом хабар дода буданд.

Тоҷикистон ҳудуди 80 дарсад аз нафти мавриди ниёзи худро аз Русия ва беш аз 90 дарсад аз гази моеъро низ аз Қазоқистон ворид мекунад.

Тақозои солонаи Тоҷикистон ба фаровардаҳои нафтӣ 600 ҳазор тонна ва ба гази моеъ беш аз 400 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад