Захми шудани як навҷавони фаластинӣ тавассути низомиёни Исроил

Як навҷавони фаластинӣ дар Ал-Халили Каронаи Бохтарии ишғолӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни режими Исроил захмӣ шуд .

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, низомиёни режими саҳюнистӣ ба Каронаи Бохтарии ишғолӣ, шомгоҳи дирӯз бо истифода аз гулӯла ба шаҳраки “Хорифи”, Ал-Халил ҳамла бурданд .

Бар ин асос дар ин ҳамла як навҷавони 16 солаи фаластинӣ шадидан захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуда аст .

Дар ҳамин росто хабаргузории расмии Фаластин “Вафо”,  гузориш дод, ки навҷавони маҷрӯҳ ба бемористон “Ал-Аҳлӣ”, дар Ал-Халил мунтақил шуда ва вазъияти вай бисёр вахим аст .

Низомиёни кӯдак куши режими саҳюнистӣ, тақрибан ҳар рӯз ва ба баҳонаҳои мухталиф ба манотиқи Фаластиниён дар Каронаи Бохтарии Руди Урдун ва Қудси Ишғолӣ ҳамла мебаранд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад