Иззат Амон: Боздоштҳои ахир ба баҳонаи узвият дар Ихвон-ул-муслимин таблиғоти интихоботӣ аст

Тайи ҳафтаҳои ахир, ҳукумати Тоҷикистон садҳо нафарро дар кишвар ба ҷурми узвият дар гурӯҳи Ихвон-ул-муслимин ва ё ҳатто доштани ақоиди наздик ба ин гурӯҳи исломӣ, боздошт кардаанд. Дар миёни ин афрод ҳатто хабарнигорон ва устодони донишгоҳ низ ба чашм мехӯранд. Дар ҳоле, ки мақомоти расмӣ шумори боздоштшудагонро камтар аз 200 нафар эълон кардаанд, гузоришҳои ғайрирасмӣ ҳоки аз он аст, ки беш аз 2 ҳазор нафар то кунун боздошт шудаанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ҳоле дар соли 2006 Ихвон-ул-муслиминро як гурӯҳи террористӣ ва экстремистӣ эълон кардааст, ки ин гурӯҳ дар соли 2012 ва 2013 пирӯзи интихоботи Миср буда ва Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури вақти Миср, намояндаи ин ҳизб буд. Ҳамчунин шуморе аз кишварҳои исломӣ ҳамчун Туркия ва Қатар низ расман ҳимоят аз Ихвон-ул-муслиминро эълон кардаанд. Иззат амон, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар ҳавзаи муҳоҷирини тоҷик дар Русия дар ҳамин замина мусоҳибаеро бо сомонаи "ТоҷикПресс" анҷом додааст, ки онро мехонед. Иззат Амон фориғтаҳсили донишкадаи дипломатики вазорати хориҷаи Русия, вакили дафтари байналмиллалии вукало дар Маскав, муассиси маркази тоҷикон дар Русия ва раҳбари ҳизби "Тағйирот, Ислоҳот ва Тараққиёт" аст.

ТоҷикПресс: Ахиран теъдоди зиёде (садҳо нафар бар асоси оморҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ) дар Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ихвонул-муслимин (Бародарони мусалмон), иртибот бо ин гурӯҳ ва ё ҳатто доштани ақидаҳои наздик ба он боздошт шудаанд. ба назари шумо асосан таҳдиде аз ҷониби Ихвонул-муслимин, ки як гурӯҳи расмии сиёсӣ аст ва замоне ҳам давлати Мисрро дар ихтиёр дошт, Тоҷикистонро таҳдид мекунад?

Иззат Амон: Гумон  накунам  таҳдиде  аз  ҷониби  ин  гуруҳ  ба  вазъи  амниятии  кишвари  мо  ворид  гардад, зеро  агар  касе ба  аҳдофи  ин  ҳаракати  исломӣ  ошноӣ  дошта  бошад худ дармеёбад, ки ин  гуруҳ  тули таърихи  фаъолияташ  дар  ҳеҷ  ҷои дунё  аз  хушунат  кор  нагирифтааст. Шоеъаҳо  дар  кишвари  мо  ва  зиндонӣ  шудани  садҳо  нафар  бо  иттиҳоми  узвият  дар  ин  ҳаракат   маро ба ёди  солҳои  1991 ва 1997  мебарад, замоне, ки  200  ҳазор  нафар  танҳо  бо  иттиҳоми  ваҳҳобигарӣ  ба  қатл  расиданд

ТоҷикПресс: Аз соли 2006, ки суди олии Тоҷикистон Ихвонул-муслиминро як гурӯҳи террористӣ эълон карда то имрӯз ҳудуди 14 сол мегузарад. Читавр мешавад, ки ба якбора давлат садҳо нафарро ба иттиҳоми иртибот бо ин гурӯҳ боздошт мекунад ва дар солҳои қабл хабаре дар ин бора набудааст? Оё мумкин аст ба як бора чандсад нафар узви ин гурӯҳ шаванд?

Иззат Амон: Ман  ҳам  якбора  садҳо  тан  аъзо  доштани  ихвонул муслиминро  дар  Тоҷикистон  баъйид медонам. Зеро  танҳо  девона  метавонад  бо  вуҷуди  аз  ҷониби  Суди  Олии  кишвар  террристӣ  шинохта  шудани ин  ҳаракат боз  ҳам  шомили  он  бишавӣ. Гумон  мекунам  боздоштҳо  мустақиман  ба  интихоботҳои  дарпешистода  иртибот  доранд. Яъне  ба  гунае  мардумро  аз  ҳар гуна  ҳаракат  метарсонанд

ТоҷикПресс: Дар миёни афроди боздоштшуда ҳатто асотиди донишгоҳ ва чеҳраҳои илмӣ низ ба чашм мехӯранд. Ҳатто дар бархе бозоштҳо зикри манбаъ ба чеҳраҳои илмии вобаста ба Ихвонул-муслимин низ ҷурм дониста шудааст. Ба назари шумо оё ин мавзӯъ тафтиши ақоид ва хилофи қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон нест?

Иззат Амон: Албатта  ҳаст.  Бубинед, ихвонул муслимин  худ  як ҳаракати  фикрии  исломӣ  буда  дар  ҳеҷ  ҷои  дунё  ба ҳайси  як  ҳаракати расмӣ  дар  ягон  ниҳоди  давлатӣ  ба  қайд  гирифта  нашуда  аст. Чӣ  гуна метавон  инсонҳоро  танҳо ба  хотири  пойбанди як  ақида  будан  зиндонӣ  кард? Ва  лав  ин  ки  он  ақида  дар  кишвар  мамнуъ  ҳисобида  гардад? Танҳо  солҳои  карахте ки  ба  истилоҳ  инкивизитсия  дар  Урупо  ҳоким  буд  инсонҳоро  барои  эътиқод  ва  норозӣ  буданашон  бо  калисо  зиндон  ва  месузонданд. Яъне он чӣ дар  мо  мегузарад  мутаассифона  ин  худ  далели   бозгашти  мо  ба  асри  санг  ва  ана  ҳамон  инкивизитсия  мебошад. Дар асри  21  яъне пешрафти  илму текнулужӣ  инсонҳоро  барои  пойбанди  як  ақида  будан  зиндонӣ  намудан  нишонаи  равшани  ҳамоқат  аст.

ТоҷикПресс: Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар соли 2006 ҲНИТ як гурӯҳи қонунӣ дар Тоҷикистон буд, баъид ба назар мерасад террористӣ эълон кардани Ихвонул-муслимин иртиботе ба ин ҳизб дошта бошад. Аммо оё метавон боздоштҳои ахирро боз ҳам ба баҳонаҳои ҳамешагии давлат нисбат ба ҲНИТ муртабит донист?

Иззат Амон: Гумон  накунам, зеро   муттаҳам  сохтани  мардуми бегуноҳ  ва  зиндони  кардани  онҳо  дигар  далел  намехоҳад. Яъне  узвият  дар  ҲНИТ  худ  як  далел  барои  боздошту  ба  солҳои  тулонӣ  зиндонӣ  шудан  аст. Ин  ҷо  дигар  Ихвон-ул-муслимин  зиёдатӣ  аст. Яъне  барои  аъзоёни  ҲНИТ    ҳамон  наҳзатӣ  буданашон  кофист.  Дигар  ин кӣ  ҲНИТ  ҳеҷ  гоҳ  худашро  бо  ихвон  дар як  киштӣ  буданро  намоиш намедод. Соли  2006  ихвонулмуслимин  дар кишвари мо  бо  қарори  Суди  Олии  кишвар  террористӣ  шинохта  шуд.  Аммо  ҲНИТ  танҳо  соли 2015  қарори  манъаш  аз  ҷониби  Суди  Олӣ  хориҷ  гардид.  Агар  ҳукумати  кишвар  ин дуро  яке  медонист  дақиқан  ҳамон  сол  яъне 2006  ҲНИТ-ро  низ  террористӣ  мешинохт.

ТоҷикПресс: Ҳамонтавр, ки пештар ишора кардед, бархе коршиносон боздоштҳои ахирро бо ангезаи сиёсӣ ва ба далели наздикӣ ба интихобот медонанд. Лутфан дар ин бора тавзеҳ диҳед?

Иззат Амон: Ман  низ  ба  ин  гуфта  розиям. Яъне  ҳукумат  як  гунае  меседж  ба  мардум  медиҳад, ки  ваҳҳобию  салафӣ  гум шуда  рафт  гуфта  беташвиш  нашавед. Мо  дар зери  остин  боз  як  қартаи  дигар  бо  номи  ихвониро  дорем, ки  ҳар вақто  хостем шуморо бо он гунаҳкор карда зиндон мекунем. Хулоса мардум бояд доим дар ҳарос бошанд, зеро бонги хатар барои онҳо аллакай зада шуд.

ТоҷикПресс: Дар поён лутфан агар пешниҳоде ё роҳи ҳалле ба назари шумо барои озодии ин афрод аз боздошт дар дохил ва ё хориҷ аз Тоҷикистон (аз роҳи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ) вуҷҷуд дорад, бигӯед.

Иззат Амон: Ростӣ, ман роҳҳале ҷуз талаби озодии ин мардуми бегуноҳро аз ҳукумати Тоҷикистон намебинам. Ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ пойбанди қарордодҳои байналмиллалиаш набуду намешавад, бинобар ҳамин талаби ниҳодҳои баналмиллалӣ оиди рияои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва низ озодии маҳбусини сиёсӣ таъсир нахоҳад расонд. Мардуми огоҳи кишвар бояд дар талабҳои сиёсии худ қотеъ бошанд то дастандаркорони ин ҷиноёт бидонанд, ки мардум барои талаби ҳаққи худ омодаанд.

Ҳамчунин бихонед

Оғози соли интихобот бо боздошти густардаи шаҳрвандон

Ихвон-ул-муслимин: Аз дирӯз то имрӯз

Чаро Ихвон-ул-муслимин дар Тоҷикистон террористӣ эълон шуд?

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад