Чаро Ихвон-ул-муслимин дар Тоҷикистон террористӣ эълон шуд?

Соли 2020-ро Тоҷикистон бо хабарҳои боздошти густардаи шаҳрвандон аз манотиқи мухталифи кишвар ба иттиҳоми узвият ва ҳамкорӣ бо ҷамъияти мамнӯаи Ихвон-ул-муслимин оғоз кард.

31 майи соли 2006 Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барномаеро тасвиб кард, ки бар асоси он як қатор созмонҳо аз ҷумла ҷамъияти Ихвон-ул-муслимин  созмонҳои террористӣ-экстремистӣ шинохта шуда ва фаъолияти онҳо дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ шуд.

Ин иқдом аз тарафи КДАМ-и Тоҷикистон ва бар асоси  феҳристи ягонаи Маркази зиддии террористии кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай пешниҳод шуда буд. Мухтор Шарифов -муовини вақти раиси КДАМ- ба вакилони парлумон гуфта буд, бояд барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ фаъолияти муштарак дошта бошем аз ин рӯ лозим аст фаъолияти як қатор гурӯҳҳо, ки амният ва бехатарии ҷаҳонро таҳдид мекунанд ва дар рӯйхати созмонҳои террористӣ ва ифротӣ ҳастанд дар Тоҷикистон мамнӯъ шавад.

Баъзе аз коршиносон, аз маҳдуд шудани ҳуқуқу озодиҳои қонунӣ ва шаҳрвандии озодандешони сиёсӣ ва таъқибу сабркуби онон ба баҳонаи ин барнома аз сӯи мақомот изҳори нигаронӣ карда буданд.

Ихвон-ул-муслимин дар ҳоле ҷузъи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ дониста ва фаъолияташ мамнӯъ шуд, ки ҲНИТ ҳамчунон ба унвони ҳизби сиёсии қонунӣ бо рӯйкарди динӣ фаъол буд ва намояндагони ҳизб дар парлумони кишвар ҳузур доштанд.

12 августи 2006 танҳо се рӯз баъд аз даргузашти раҳбари фақиди ҲНИТ устод марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ профессор Муҳаммад Маҳдӣ Окиф муршиди омми Ихвон-ул-муслимин дар паёми худ даргузашти раҳбари ҲНИТ-ро таслият гуфт ва барои ишон аз Худованд раҳмату ризвон талаб кард.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки 14 марти 2005 Иззат Саъад Саид муовини вазири умури хориҷаи вақти Миср як рӯза ба Душанбе омад ва бо Э. Раҳмонов- раисҷумҳури Тоҷикистон- ва мақомоти вазорати иқтисод дидор кард ва мавзӯи баҳси дидорашро рушди равобити иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар эълон кард ва аз васеътар шудани доманаи ҳамкориҳо гуфт.

Э. Раҳмон ҳам моҳи феврали соли 2007 ба Миср сафари расмӣ кард ва шаш санади ҳамкорӣ имзо намуд.

26 январи 2009 Фоиза Абуннаҷо, вазири ҳамкориҳои байналмилалии Миср бо ҳайати бузурги масъулони вазоратхонаҳо ва бозаргонон ба Душанбе омад ва бо Э. Раҳмон ва аз ҷумла мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дидор кард ва аз омодагии кишвараш барои сармоягузорӣ дар сохти неругоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон хабар дод.

Баҳси созмонҳои террористӣ 20 июни соли 2012 бори дигар дар парлумони Тоҷикистон матраҳ шуд, ки ҳамзамон бо давраи бедорӣ ё баҳори кишварҳои исломӣ ва арабӣ махсусан ҳузури пурранги Ихвон-ул-муслимин дар таҳаввулоти сиёсии Миср ҳамроҳ буд. Ин бор парлумони Тоҷикистон ислоҳоте бар қонуни мубориза бо терроризм ворид кард, аммо Ихвонулмуслимин ҳамчунон дар рӯйхати созмонҳои террористӣ-ифротӣ боқӣ монд. Ин дар ҳоле буд, ки Ихвонулмуслимин бештари курсиҳои намояндагони маҷлиси Мисрро аз худ карда буд ва барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳам номзад пешниҳод карда буд. Ҳамин масъала боиси баҳси доғе дар миёни намояндагони парлумони ҶТ шуд.

Муҳйиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ ва намояндаи вақти парлумон бо ишора ба террористӣ ва ифротӣ донистани Ихвон-ул-муслимин аз чигунагии равобити ҶТ бо кишварҳои Тунис ва Миср баъд аз пирӯзии намояндагони ин ҷамъият савол кард. Ӯ афзуд: Бо ин қонун раҳбарони Ихвон-ул-муслимин” ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тунис, ки дар кишвари худ ба пирӯзӣ расидаанд наметавонанд ба Тоҷикистон биёянд.

Ҷумъа Давлатов, намояндаи вақти раисҷумҳури Тоҷикистон дар парлумон аз имкони ислоҳи феҳрист бо дар назардошти дигаргунии авзоъ хабар дода буд.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби Комунисти Тоҷикистон ва узви вақти парлумон низ, дархост кард, ки ба далели равшан набудани мафҳуми терроризм дар ҷаҳон Тоҷикистон дар таърифи мафҳуми тероризм бояд мустақил бошад ва бо пайравӣ аз дастурҳои кишварҳои абарқудрат равобити худро “бо кишварҳои дӯст” тира насозад. Шабдолов ёдовар шуд, ки баъзе аз давлаҳое, ки аз манофеи милли худашон мисли Ироқ ва Либӣ дифоъ мекунанд аз тарафи кишварҳои абарқудрат террорист эълон сипас он кишварҳо ишғол мешаванд. Бинобар ин Тоҷикистон набояд дар баҳси терроризм гирифтори бозиҳои геополитикӣ шавад.

Ба назари коршиносон террористӣ хондани “Ихвон-ул-муслимин” аз соли 2006 фақат ба хотири тақлид аз рӯйхати созмонҳои террористии Русия, баъзе кишварҳои аврупоӣ ва Шанхай буд, вагарна ин ҷамъият дар Осиёи Миёна фаъолият надошта ва барои амнияти миллии Тоҷикистон низ таҳдид ба шумор намеояд.

Парлумони Тоҷикистон 25 марти соли 2011 қонуни мубориза бо қонунӣ кардани даромадҳое, ки аз роҳи ҷиноят ба даст меояд ва мабрлағгузории терроризмро тасвиб кард ва Идораи назорати молиявиро дар Бонки Миллии Тоҷикистон таъсис шудааст.

Муҳаммад Мурсӣ номзади Ихвон-ул-муслимин дар интихоботи раёсатҷумҳурии Миср дар 17 июни 2012 пирӯз шуд. Дар ҳамин сол М. Кабирӣ раҳбари ҲНИТ ва намояндаи парлумони Тоҷикистон ба Миср сафар намуд ва бо Муҳаммад Мурсӣ раисҷумҳури вақти Миср дар Қасри Иттиҳодия вохӯрӣ анҷом дод.

21 марти соли 2013 доктор Муҳҷа Мустафо яке аз масъулони вазорати тандурустии Миср аз поёни давраи омӯзишии такмили ихтисоси 15 табиби Тоҷикистон дар Миср хабар дод.

3 июли 2013 раисҷумҳури мунтахаби мардуми Миср бар асари табаддулоти низомии артиши Миср аз қудрат барканор ва боздошт шуд. Баъд аз ин табаддулот фишорҳо ва боздоштҳои шадиде аз сӯи ҳукумати Миср бар раҳбарон ва пайравони Ихвон-ул-муслимин оғоз шуд. Ин мавҷ ба Тоҷикистон ҳам расид ва дар соли 2016 20 нафар аз рӯҳониёни расмӣ мисли имомхабиб, муовини имомхатиб, муаззинҳои масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақта ба иттиҳоми узвият ва таблиғи Ихвон-ул-муслимин ва салафия ва дарёфти кӯмак дар Суғд зиндонӣ шуданд.

Аз оғози соли 2020 мелодӣ, ки қарор аст дар Тоҷикистон ду интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ баргузор шавад мавҷи ҷадид ва бесобиқаи боздоштҳо аз манотиқи мухталиф оғоз шудааст, ки бинобар омори мақомот то 161 нафар ва бар асоси омори ғайри расмӣ беш аз 2000 нафар то кунун боздошт шудаанд. Ин бор мақомот иттиҳоми бештари боздоштшудаҳоро узвият ва ҳамкорӣ бо Ихвон-ул-муслимин, ки қасди сарнагун кардани ҳукумат ва барпоии ҳукумати диниро дорад эълон кардаанд. Ҳарчанд барои афкори умумӣ ва коршиносону таҳлилгарон ин нисбатҳо қобили қабул нестанд.

Ба назар мерасад тақлид ва табаият аз қудратҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, фишори бархе аз кишварҳо барои нишон додани тавони худ ба рақибон (мисли Саудӣ ва Иморот бо Туркия) ва ангезаҳои моддӣ ва иқтисодӣ ва иҷрои барномаҳои зидди динӣ ва эҷоди ҳарос аз Исломи сиёсӣ дар афкори умумӣ ва фишор бар чеҳраҳои таъсиргузори кишвар аз илали муҳимми террористӣ хондани Ихвон-ул-муслимин ва боздошти шарҳвандон ба иттиҳоми узвият ва ҳамкорӣ бо ин ҷамъият бошад.

Ҳамчунин бихонед

Оғози соли интихобот бо боздошти густардаи шаҳрвандон

Ихвон-ул-муслимин: Аз дирӯз то имрӯз

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад