Ихвон-ул-муслимин: Аз дирӯз то имрӯз

Аз оғози соли 2020 дар Тоҷикистон мавҷи ҷадид ва густрадаи боздошти даҳҳо шаҳрванд аз саросари кишвар ва аз шуғлҳои гуногун ба иттиҳоми узвият ё ҳамкорӣ бо ҷамъияти Ихвон-ул-муслимин диққати ҳамаи миллат ва коршиносону ҷараёнҳоро ба худ ҷалб кард. Агарчӣ ин ҷамъият аз соли 2006 бар асоси тасвиби парлумон ва ҳукми додситонии кулли ҶТ ба рӯйхати созмонҳои террористӣ-экстремистӣ дохил шуда буд, аммо ҳаҷми зиёди боздоштҳо дар соле, ки дар он ҶТ бо ду интихоботи муҳими парлумон ва раёсатҷумҳурӣ рӯбарӯ аст саволҳо ва ибҳомҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Аз ҷамъият ва фаъолияти Ихвон-ул-муслимин чӣ медонед? Дар ин навиштор нигоҳе ба шаклгирӣ ва фаъолият ва вазъияти ин ҷамъият аз аввал то имрӯз шудааст, ки дар идома мехонед.

Ихвон-ул-муслимин (Бародарони мусулмон) қадимитарин ва бузургтарин гурӯҳи сиёсии исломӣ аст, ки дар соли 1928 мелодӣ дар шаҳри Исмоилияи Миср ба роҳбарии Ҳасан ал-Банно таъсис шуд.

Инқилоби Миср, ки суқути Ҳусни Муборакро дар пай дошт, сабаб шуд номи Ихвон-ул-муслимин беш аз пеш бар сари забонҳо биафтад. Ин ҷунбиш тавонист дар интихоботи саросарии Миср пирӯз шавад ва қудратро дар Миср дар даст бигирад ва Муҳаммад Мурсӣ, худро раисҷумҳури ин кишвар кунад.

Мавозеи Ихвон-ул-муслимин пас аз рӯи кор омадан дар Миср суолҳои фаровонеро барои ҷаҳони Ислом эҷод кард. Мавозее ҳамчун наздикӣ ба Исроил ва Амрико, фосила гирифтан аз Эрон ва ҳимоят аз муоризони суриягии мухолифи Башшор Асад боис шуд ибҳомоте дар бораи чистӣ ва навъи нигариши ин ҷунбиши исломӣ ва шояд инҳирофи он шакл гирад. Дар ин гузориш ба баррасии мавҷудият ва моҳияти Ихвонулмуслимин аз замони пайдоиши он мепардозем.

 Шаклгирии Ихвон-ул-муслимин

Ихвон-ул-муслимин қадимитарин ва бузургтарин гурӯҳи сиёсии исломӣ аст, ки дар соли 1928 мелодӣ дар шаҳри Исмоилияи Миср ба роҳбарии Ҳасан ал-Банно таъсис шуд.

Ин ҷунбиши фаромиллӣ, ки дар бисёре аз кишварҳои арабӣ тарафдор дорад, бо байъати Ҳасан ал-Банно ва шаш нафар аз ҳамфикронашон ташкил гардид. Ҳасан ал-Банно дар он рӯз фақат 22 сол дошт. Дар ибтидо фаъолиятҳои ҷунбиш ба сурати нимамахфӣ анҷом мешуд. Аъзои ҷунбиш барои густариши афкори худ аз нома, суханронӣ ва мулоқотҳои шахсӣ истифода мекарданд.

Дар воқеъ Ихвон-ул-муслимин ба таъсир аз андешаҳои Сайид Ҷамолуддини Асадободӣ ва дар посух ба заволи дохилии мусулмонон ва султаи бегонагон бар кишварҳои исломӣ, ба вижа бар кишвари Миср падид омад.

Ҳасан ал-Банно фаъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоии худро дар се марҳилаи “таблиғ”, “ҷазбу созмондеҳӣ” ва “марҳилаи амалӣ” анҷом дод:

  1. Марҳилаи аввал аз 1928 то 1939 м: Дар ин даврон вай тамоми саъй ва талоши худро бар корҳои назарӣ, суханрониҳо, интишори маҷаллаҳо ва фарогир шудани наҳзат дар кишварҳои исломӣ мутамаркиз кард.
  2. Марҳилаи дувум аз 1939 то 1945 м: Ӯ дар ин муддат ба созмондеҳии сиёсии ҷунбиш пардохт.
  3. Марҳилаи севум аз 1945 то 1949 м: Ин марҳила даврони асаргузории Ихвон-ул-муслимин дар масоили асосии Миср буд ва бо террори ал-Банно дар 1949 м поён ёфт.

 Аҳдофи Ихвон-ул-муслимин

Ихвон-ул-муслимин дар ибтидо се ҳадафи куллӣ дошт:

  1. озодии Миср дар тамомии масоил;
  2. озодии ҳамаи сарзаминҳои арабӣ;
  3. талош дар роҳи ваҳдати ҷаҳони Ислом.

Дар кул бояд гуфт, акнун ҳадафи ниҳоии Ихвон-ул-муслимин барқарории як ҳукумати исломӣ бо меҳварияти шариат аст.

 Ташкилоти созмонии Ихвон-ул-муслимин

Ихвон-ул-муслимин муташаккил аз “муршиди ом”, “дафтари иршоди ом” ва “ҳайати муассисон” аст:

Муршиди ом, раиси кулли ҷамъият, дафтари иршоди ом ва раиси ҳайати муассисон аст.

Дафтари иршоди ом, ки махсуси ҳайати идории ҷамъият аст ва масъули роҳнамоии омӯзиш ва таблиғ мебошад ва 12 узв дорад, ки аз байни аъзои ҳайати муассисон интихоб шудаанд. Вазифаи дафтари иршоди ом, бедор намудани мусулмонон ва лозим донистан ба ширкат дар ҷаласаҳо ва ҳифзи асрор мебошад ва дар сурати кӯтоҳӣ, аъзо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҳайати муассисон ҳам аз маҷлиси шӯрои ом ва маҷмаи умумӣ барои дафтари иршоди ом ташкил гардидааст. Ҳайати муассисон аз аъзои муассиси ҷамъият ташкил мешавад, ки собиқаи онҳо дар амал ба аҳдофи ҷамъият, аз дигарон бештар аст ва вазифаи он роҳнамоӣ ва роҳбарӣ дар таблиғу омӯзиш ва чигунагии пешрафти корҳо ва низ интихоби аъзои дафтари иршоди ом ва ҳисобрасӣ аз корҳои ҷамъият аст.

Ихвон-ул-муслимин аз назари идорӣ ба се бахши идораи шӯъба, идораи минтақа ва дафтари идорӣ, ки ҳар се пайрави дафтари иршоди ом ҳастанд, тақсим мегардад.

Кумитаҳои аслии вобаста ба дафтари иршод шомили кумитаи молӣ, кумитаи қазоӣ, кумитаи сиёсӣ, кумитаи хадамот, кумитаи масоили фиқҳӣ ва кумитаи омор аст. Будҷаи ҷамъият ба василаи ҷамъоварии ҳаққи узвият, ҳадяҳо ва авқоф таъмин мешавад.

 Дидгоҳ ва ақоиди Ихвон-ул-муслимин

Ихвон-ул-муслимин яке аз авомили ақибмондагӣ ва нокомии ҷомеаи Мисрро ҷудоии дин аз сиёсат медонист. Ба ақидаи онҳо Ислом фақат барои ибодати фардӣ нест, балки чорчӯбе барои зиндагии иҷтимоӣ ироа медиҳад. Ба ақидаи тарафдорони ин ҷунбиш, фасод ва инҳироф дар ҷомеаи исломӣ ба хотири ғафлат дар омӯзиши таълимоти исломӣ ва ривоҷи арзишҳои бегона дар ҷомеа мебошад ва роҳи ҳалли он бозгашт ба Исломи воқеӣ аст.

Ихвон-ул-муслимин дар сатҳи байналмилалӣ

Ҳамонтавр ки гуфта шуд, ҳастаи ташкилотии Ихвон-ул-муслимин дар соли 1928 дар шаҳри Исмоилия ба вуҷуд омад, ки пас аз ду даҳа афкор ва андешаҳои Ҳасан ал-Банно ва ҳизбаш аз марзҳои Миср гузашт ва қаламрави таъсири фикрӣ ва созмонии ин ҷунбиш аз Ҷакарта то Работро дар бар гирифт. Созмондеҳӣ ва танзими навъи фаъолияти гурӯҳҳои Ихвон-ул-муслимин дар кишварҳои арабӣ, яке аз дағдағаҳои роҳбари ташкилот буд ва андешаи эҷоди як созмони байналмилалӣ барои гурӯҳҳои ихвонӣ дар даҳаи панҷоҳ ба вуҷуд омад, вале саркӯбгарии Ҷамол Абдунносир, авлавияти эҷоди ин ташаккулро то ҳадде ба таъвиқ андохт, аммо дар даврони гуреза будани Мустафо Машҳур (муршиди панҷум ) чорчӯбе барои таҳаққуқ ва иҷро пайдо кард. Дидорҳои Машҳур аз Кувайт ва Олмон ва иқомат дар онҳо, асоси созмони байналмилалии Ихвон-ул-муслиминро поярезӣ кард.

Ва ҳамчунин бихонед

Оғози соли интихобот бо боздошти густардаи шаҳрвандон

Ниҳодҳои мавҷуд дар ташкилоти Ихвон-ул-муслимин

Ташкилоти байналмилалии Ихвон-ул-муслимин аз ду ниҳоди асосӣ ташкил шудааст, ки иборатанд аз:

  1. Маҷлиси шӯрои ташкилоти байналмилалӣ:

Ин маҷлис ҳамчун конграи байналмилалии Ихвон-ул-муслимин аст ва созмонҳои ихвонии узв, метавонанд бар асоси ҷамъият ва ҳаҷми ташкилоти ҳизбии худ теъдоде аз аъзои худро ба ин конгра муаррифӣ кунанд.

  1. Мактаби байналмилалии иршод:

Ин ниҳод аз муршиди ом ва 8 узв аз кишвар ва ҳамчунин аз аъзои шӯъбаҳои мухталифи Ихвон, ки тавассути маҷлиси шӯрои ташкилоти байналмилалӣ баргузида мешаванд, ташкил мешавад.

Илова бар ин ду ниҳод, ташкилот ва муассисаҳои иқтисодӣ, фаннӣ, синфӣ ва пажӯҳишӣ ҳам дар чорчӯби ташкилоти байналмилалии Ихвон-ул-муслимин фаъолият доранд.

 Ихвон-ул-муслимин аз гузашта то кунун

Даврони тиллоии фаъолияти Ихвон-ул-муслимин ба даҳаи нахусти ҳукумати Ҳуснӣ Муборак яъне то соли 1990 бозмегардад. Дар ин даҳа Ихвон бо вуруд ба парлумони Миср аз тариқи ду эътилоф, яке бо ҳизби Вафд ва дигар бо ҳизби кор ва Аҳрор, машрӯъияти сиёсӣ ёфт.

Дар соли 1986 Умар Тилмисонӣ, роҳбари Ихвон аз дунё рафт ва Муҳаммад Ҳомид Абӯнаср ба унвони муршиди ом интихоб шуд. Ба дунболи ин тағйир дар роҳбарӣ, баъзе аз сиёсатҳои Ихвон низ тағйир кард. Дар даҳаи 90 робитаи Ихвон бо давлат ба шакле буд, ки борҳо аъзо ва роҳбарони он ба зиндон маҳкум шуданд. Дар соли 1996 бо даргузашти муршиди ом, Мустафо Машҳур ба ин вазифа интихоб шуд.

Ин гурӯҳ дар соли 2000 дар қолаби намояндагони мустақил, 17 намоянда ба маҷлис фиристод ва дар ҳамон сол Муҳаммад Маъмун Ҳасан Ҳузайбиро ба унвони муршиди омми худ баргузид. Пас аз ӯ Ҳуснӣ Муборак, роҳбари Ихвон-ул-муслимин шуд. Сипас Муҳаммад Маҳдӣ Окиф, ва баъд аз ӯ ҳам Муҳаммад Бадеъ дар соли 2010 роҳбари Ихвон шуданд ва то кунун ин вазифаро ба ӯҳда дорад.

Ихвон-ул-муслимин дар ҷараёни эътирозҳои соли 2011 ширкат дошт. Ҳуснӣ Муборак дар таърихи 11 феврали 2011 ба дунболи эътирозҳои доманадори мухолифонаш, аз қудрат канорагирӣ кард ва артиш, давлати интиқолӣ ташкил дод.

Аммо аз ҳамон аввалин рӯзҳои пирӯзии инқилоби Миср ва суқути ҳукумати диктатории Муборак, дар сатҳи дохилӣ ва хориҷии таблиғоти васеъ зидди исломгароҳо оғоз шуд; ба гунае ки дар замони кӯтоҳ мавҷе аз ихвонҳаросӣ Миср, минтақа ва ҳатто ҷаҳонро фаро гирифт.

Саранҷом Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҳизби озодӣ ва адолат, аз Ихвон-ул-муслимин ба унвони нахустин раисҷумҳури ғайринизомии Миср интихоб шуд. Аммо Мурсӣ танҳо як сол тавонист қудратро дар Миср қабза кунад. Вай, ки аз ибтидо худро раисҷумҳури ҳамаи мардуми Миср хонда буд, хеле зуд нишон дод, ки барои ӯ хостаҳои ҳизбӣ беш аз ташхиси манофеи аслӣ, аҳамият дорад.

Мурсӣ ба ҷои таомули созанда бо ҷараёнҳои сиёсӣ ва фаъоли кишвар, ки дар сарнагунии режими собиқ мушорикат доштанд, танҳо ба дилҷӯӣ аз артиш басанда кард ва онро зомини истимрори ҳузури худ дар маснади қудрат дид; аммо дар ниҳоят ҳамин артиш буд, ки табаддулоти низомӣ ва ӯро сарнагун кард.

Бо наздик шудан ба солрӯзи интихоби расмии Мурсӣ ба раёсатҷумҳурӣ, вазири дифоъ дар суханоне ба сароҳат давлати Мурсиро таҳдид кард. Мухолифон ҳам ҷиҳати ҳузури мардум дар роҳпаймоии саросарии он рӯз таблиғоти васеъ ва густардае оғоз карданд. Аз сӯи дигар мувофиқони Мурсӣ низ аз чанд рӯз қабл ба ҳимоят аз қонун ва машрӯъияти низом, роҳпаймоии бузургеро оғоз карданд. Ду рӯз монда ба солрӯзи интихоби Мурсӣ ба раёсатҷумҳурӣ, артиш 48 соат мӯҳлат дод ва таҳдид кард дар сурате, ки давлат бо мухолифон ба тавофуқ нарасад, нақшаи роҳи худро иҷро хоҳад кард.

Билохира пас аз поёни лаҳзаҳои нафасгир, артиш дар як сенарияи аз пеш тарроҳишуда, дар ҳузури роҳбарони мухолиф ва чанд чеҳраи саршиноси дигар, табаддулоти низомии худро ба сурати расмӣ эълон кард. Вазири дифоъ, ин иқдоми худро посух ба хостаи миллати Миср баён кард.

Ба ин тартиб бо як табаддулоти низомӣ, давлати мунтахаб ва қонунии Миср, ки бар асоси қоидаҳои демократия интихоб шуда буд, сарнагун шуд ва зарбаи саҳмгине ба раванди демократия дар Миср задашуд.

Авзои кунунии Миср бо ибҳомҳо ва печидагиҳои амиқе ҳамроҳ шудааст ва Ихвон-ул-муслимин ба вазъи ноҳамгуне дучор шудааст. Ихвон, ки то чанде пеш, дар садри қудрати сиёсии Миср қарор дошт ва бозигари аслии арсаи сиёсат ва ҳукумат ба ҳисоб мерафт, шояд акнун дар душвортарин шароити таърихии худ қарор гирифтааст.

Аммо мутобиқ бо қоидаҳои бозии сиёсӣ, Ихвон-ул-муслимин аз ҷумла созмонҳои иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони Араб аст, ки нишон дода метавонад аз таҳдидҳои ба вуҷуд омада ба беҳтарин шакли мумкин барои эҷоди фурсатҳои сиёсӣ истифода намояд, ҳамчунон, ки дар инқилоби Миср низ мушоҳида шуд ва ин гурӯҳ тавонист дар муддати кӯтоҳе дар рақобати интихоботии парлумон ва раёсатҷмҳуриро аз они худ кунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба зарфиятҳои дарунии Ихвон-ул-муслимин ва ҷойгоҳи қудратманд ва таъсиргузори ин созмон дар таҳаввулоти Миср, метавон таъкид намуд, ки Ихвонулмуслимин дар оянда ҳам ба унвони яке аз созмонҳои таъсиргузор ва тарафҳои аслӣ дар шаклдеҳӣ ба низоми сиёсии Миср амал хоҳад намуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад