Оғози соли интихобот бо боздошти густардаи шаҳрвандон

Тоҷикистон соли 2020-ро, ки дар он ду интихоботи порлумон ва раёсатҷумҳурӣ қарор аст баргузор шавад, бо даври ҷадиду густардаи боздошти шаҳрвандон ва боз шудани парвандаи ҷиноӣ барои онон оғоз кард ва ин вазъият боиси нигаронии ҷомеа ва соҳибназарон шудааст. Ин бор мақомот иттиҳоми бештари ононро узвият дар гурӯҳи Ихвон-ул-муслимин эълон кардаанд.

Дар ибтидои соли 2020, Тоҷикистон шоҳиди даври ҷадиде аз боздоштҳо буд. Он тавр, ки мақомоти расмӣ ва расонаҳо то кунун гузориш кардаанд, иллати ин боздоштҳо, иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ихвон-ул-муслимин будааст. Аввалин гузоришҳо нишон медод, ки дар таърихи 2-юми январ, теъдоде аз афрод дастгир шудаанд. Аммо каме баъдтар дар таърихи 6-уми январ, мушаххас шуд, ки теъдоди афроди боздоштшуда ба 27 нафар расидаанд. Бо ин ҳол “Юсуф Раҳмон”, прокурори генералии Тоҷикистон дар таърихи 28-уми январ гуфт, ки теъдоди афроди боздоштшуда ба 113 нафар афзоиш ёфтааст  ва барои ҳамаи онҳо бо иттиҳоми узвият дар созмони экстремистӣ-террористии “Ихвон-ул-муслимин” парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст. Дар робита бо бақияи аъзои ин созмон корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. Ин дар ҳоле аст, ки манобеи ғайрирасмӣ теъдоди боздоштшудагон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ихвон-ул-муслиминро то 2 ҳазор нафар низ матраҳ кардаанд.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ он аст, ки бахши муҳимме аз афроди боздоштшуда ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ихвон-ул-муслимин, чеҳраҳои илмӣ ва донишгоҳӣ ҳастанд. Оморҳои аввалия ҳокӣ аз он буд, ки аз миёни листи 113-нафара, ки тавассути прокурори генералӣ эълон шуд, 20 нафар аз афроди боздоштшуда, аъзои донишгоҳӣ ва илмӣ ҳастанд. Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф низ ин мавзӯъро таъйид кардааст, ки дар миёни боздоштшудагон академикҳо низ ҳузур доранд. Имомзода агарчи аз гуфтани ҷузъиёти бештар худдорӣ кардааст, аммо баён намуда, ки вай шахсан бархе аз ин чеҳраҳоро мешинохтааст. Наимҷон ва Маҳмудҷони Латифӣ, аз асотиди Адабиёти Араби Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, ду тан аз чеҳраҳои илмии шинохташудаи донишгоҳӣ ба шумор мераванд. Наимҷон Латифӣ, ҳамчунин домоди Эшони Нуриддинҷони Тураҷонзода, рӯҳонии машҳур ва барҷастаи тоҷик аст. Хайруддин Абдуллоҳ, донишманд ва чеҳраи илмии барҷаста, ки дар Русия машғул ба кор буд низ дар миёни ин боздоштшудагон қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигорон низ ҳамчун ҳамеша дар миёни боздоштшудагон ба чашм мехӯранд. Далер Шарипов, хабарнигори машҳур, ки пеш аз ин дар телевизиони давлатии “Сафина”, машғул ба кор буд низ аз ҷумлаи боздоштшудагон аст. Бино бар изҳороти расмии нашршуда аз сӯи давлат, вай муттаҳам ба интишори зиёда аз 200 матлабу мақола бо мазмуну муҳтавои экстремистӣ дар фосилаи солҳои 2013 то 2019 шудааст, ки боиси барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар шудаанд”.

Дар миёни ин афрод ҳатто мақомоти давлатӣ низ ҳузур доштаанд. Фирдавс Раҳимзода, сардори Раёсати Кумитаи амволи давлатии шаҳри Исфараи вилояти Суғд, яке аз ин афрод аст. Ин мақоми давлатии 35 сола, пас аз дастгирӣ дар шаҳри Исфара, фаврӣ ба боздоштгоҳи Вазорати кишвар дар шаҳри Душанбе, бурда шудааст.

Мақомоти додситонӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфтаанд: Афроди боздоштшуда узви як шабакаи вобаста ба Ихвон-ул-муслимин будаанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе мақомоти давлатии Тоҷикистон аз ҷумла додситони кул таъйид кардаанд, ки ду шаҳрванди хориҷӣ низ дар миёни боздоштшудагон ҳузур доранд, ки дар бораи тобеияти онҳо ҳануз таъйиди расмӣ сурат нагирифтааст. Вай ҳамчунин афзудааст, ки ба ҷуз ин ду нафар, ду шаҳрванди хориҷии дигар низ, ҳамакнун таҳти таъқиб қарор доранд. Иттиҳоми ин афрод низ узвият дар Ихвон-ул-муслимин гуфта шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳҳои мухолиф, ҳамчун (ПМТ) Паймони Миллии Тоҷикистон, дар баёнияе нисбат ба ин боздоштҳо интиқод кардаанд. Дар баёнияи Паймони Миллии Тоҷикистон омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон, бо ин боздоштҳо, ошкоро Қонуни асосии Тоҷикистонро вайрон мекунанд. Дар моддаи 26 Қонуни асосӣ гуфта шудааст:

“Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.”

Давлати Раҳмонов бемасъулиятона ҷомеаи Тоҷикистонро ба гурӯҳҳои хурд тақсим мекунад ва бо сохтани шаклҳои мухталифе аз “душман” ва коштани тухми ихтилоф дар ҷомеа, мардумро рӯ дар рӯи якдигар қарор медиҳад. Пеш аз ин, ҳама шоҳиди таъқибу фишори аъзои созмони “Растохез”, Ҳизби Демократ, салафиҳо, ҲСДТ, ҲНИТ, ПМТ ва ҳамчунин таҳрики мусулмонони аҳли суннат зидди шиаён аз сӯи ин режим будаанд.

Ва ҳамчунин “Кумитаи Норвегии Ҳелсинки” дар дифоъ аз Далер Шарипов бо нашри матолибе баён кардааст, ки Далер Шарипов яке аз рӯзноманигорони мустақил дар дохили кишвар буда ва ин иттиҳомот зидди вай нишонгари беэҳтиромӣ ба озодии баён дар Тоҷикистон аст ва аз мақомоти Тоҷикистон хоста шудааст, ки ин рӯзноманигорро фаврӣ раҳо намуда, иттиҳомот зидди ӯро бекор карда ва ба ӯ иҷозат бидиҳанд, ки бе ҳеҷ гуна мумониат ба фаъолияти худ идома диҳад.

Ҳатто “Гуруҳи 24” низ дар баёнияе овардааст: Боздошт, латукӯб ва сӯиқасд ба рӯзноманигорон дар Тоҷикистон кори наве нест ва то имрӯз садҳо рӯзноманигор қурбонии ин ваҳшоният шудаанд. Дар ин боздоштҳо, муҳим Далер будан ва ё номзади илму ихвонӣ будан нест, ин танҳо баҳонае барои боздошт асту бас! Иллати боздошт, бедорӣ ва ба тафаккури ҳукумати Раҳмонов созгор набудани биниш ва боварҳои боздоштшавандагон аст.

Гурӯҳи Ихвон-ул-муслимин дар соли 2006 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба унвони як гурӯҳи террористӣ ва экстремистӣ шинохта шуд. Дар соли 2016 низ 5 нафар аз имомхатибони вилояти Суғд, ба иттиҳоми узвият дар Ихвон-ул-муслимин, боздошт ва ба 5 сол зиндон маҳкум шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон ва аз ҷумла Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтӣ ва Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, низ дар маҷомеи байналмилалӣ борҳо иддао кардааст, ки Ихвон-ул-муслимин, як гурӯҳи террористӣ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад