Баргузории нишасти занони мувафақи мусалмон бо унвони Чашмандози оянда дар Атланта

Занони мувафақи мусалмон дар Атланта нишасти Чашмандози оянда баргузор карданд.

Аъзои шабакаи занони ҳирфаии мусалмон дар Атлантаи Амрико, дар январи 2020 дуввумин нишасти солонаи Чашмандози оянда ро баргузор карданд.

Гирдиҳамоиҳои Чашмандози оянда бахше аз фаолиятҳои муртабит бо фарҳанги имрӯзӣ аст,ки баҳс ва гуфтугуҳои зиёде дар робита бо он ба манзури тавсиъа ва пешрафт дар Созмонҳои мухталиф баргузор мешавад.

Ин мусалмонони ҷавон акнун дар паи шуғле ҳастанд ,ки илҳомбахши онҳо буда то битавонанд ба ин тариқ ҷаҳонро ба маконе беҳтар ва амнтар табдил кунанд.

Занони мусалмон дар раддаҳои мухталиф дар ин гирдиҳамоӣ ҳузур ёфта ва ибрози умкдворӣ карданд то барои эҷоди ҳадафи нав дар соли нави мелодӣ, илҳом бигиранд.

Духтарони ҷавон муштоқона дар ҷамъ ҳузур доштанд ва тасвирҳое аз маҷалҳоро ,ки бо ҳадафи зиндагии онон ҳамоҳанг буд буриданд, онҳо сипас ин тасвирҳоро бар рӯи тахтаҳое часпрнданд ,ки тасвирҳои ранго ранг аз рӯёҳо ва орзуҳои онҳо тарсим мекарданд.

Лайна Шаббази 18 сола гуфт ;будан дар утоқи пур аз занони мувафақ ва шунидани ривояти зиндагии муборизонаи онҳо ва чигунагии ғалаба бар мушкилот тавассути ишон бисёр умедбахш ва илҳомбахш буд.

Лайна Куртез дар ин бора ба хабарнигорон гуфт ; ман фақат 13 солаам ва дақиқан мутмаин нестам ,ки чӣ коре дар зиндагиам мехоҳам анҷом диҳам аммо эъсос кардам ,ки аз занони дар он утоқ илҳом гирифтаам.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад