Боздошти аъзои хонаводаи рӯҳониёни маъруфи Тоҷикистон

Бо таваҷҷӯҳ ба хомуш будани мақомоти Тоҷикистон нисбати иттиҳомоти ворида дар мавриди боздоштҳо ҳа рӯз ки мегузарад масъалаҳои тоза қатра-қатра равшантар мешавад.

Дар байни даҳҳо нафаре, ки дар рӯзҳои аввали моҳи январ бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин” (“Бародарони мусалмон”) дастгир шуданд, зодагони деҳаи Личаки ҷамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат падару писар Маҳмудҷон Латифӣ ва Наимҷон Латифӣ низ ҳастанд Падару писар ҳарду устоди Донишгоҳи миллӣ буданд.

Маҳмудҷон Латифӣ додарарӯси Қутбиддин Хайров, як соҳибкори шинохта дар минтақаи Ваҳдат ва писараш Наимҷон домоди рӯҳонии маъруф Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода будаанд. Наимҷон Латифӣ инак дуюмин домоди Тӯраҷонзодаҳост, ки дар бораи боздошташон дар чорчӯби парвандаи “Ихвон-ул-муслимин” хабар мерасад.

Бино ба иттилои расида, Исмоил Қаҳҳоров, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки шавҳари хоҳари бародарон Тӯраҷонзодаҳост, низ дар чорчӯби ин парванда дастгир шудааст. Мақомот то кунун мавҷи ахири боздоштҳоро шарҳ надодаанд. Радиои Озодӣ ахиран хабар дод, ки алакай 70 нафарро дар минтақаҳои гуногуни кишвар бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо “Ихвон-ул-муслимин” дастгир кардаанд.

Дар мавҷи ахири боздоштҳо дар Тоҷикистон на як, балки ду домоди хонаводаи пурнуфузи Тӯраҷонзодаҳо дастгир шудаанд.

Зодагони деҳаи Личаки ҷамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат падару писар Маҳмудҷон Латифӣ ва Наимҷон Латифӣ аз аввали моҳи январ дар боздошт қарор доранд.

Сомонаи Ахбор дар инбора гуфтааст: “Маҳмудҷон Латифӣ собиқ устоди забон ва адабиёти араби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар “ҷазира” дарс медод. Маҳмудҷон Латифӣ додарарӯси соҳибкори дар Ваҳдат бонуфуз Қутбиддин Хайров, бародари генерал Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси Агентии мубориза бо коррупсия аст. Давлатбек Хайрзода ду сол пеш ба 10,5 соли зиндон маҳкум шуд, вале ду моҳ пеш афв шуд. Наимҷон Латифӣ – писари Маҳмудҷон Латифӣ, ки ӯ ҳам устоди забони арабӣ буд ва ҳамроҳи падараш дар як факултет дарс мегуфтанд, домоди Эшони Нуриддин Тӯраҷонзода мебошад”.

Дар мавҷи ахири боздоштҳо бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо “Ихвон-ул-муслимин” як домоди дигари хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо – Исмоил Қаҳҳоров, маъруф ба Мулло Исмоил, низ дастгир шудааст. Мулло Исмоил соли 1965 дар деҳаи Туркобод (ҳоло – Ваҳдатобод) – зодгоҳи Тӯраҷонзодаҳо ба дунё омада, ҳамсараш хоҳари Ҳоҷӣ Акбар, Эшони Нуриддинҷон ва Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзодаҳо мебошад.

Исмоил Қаҳҳоров (Абдулваҳҳобзода) дар Покистон таҳсил карда, бо тахаллуси Мушкрӯдӣ шеър мегуфт. То кунун чанд маҷмӯаи шеърии ӯ, аз ҷумла “Насимнома” ва “Сабӯи баҳор” чоп шуда ва Исмоил Абдулваҳҳобзода узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Бародарон Тӯраҷонзодаҳо як хонаводаи пурнуфузи мазҳабӣ мебошанд, ки то чанд соли пеш масҷидашон дар деҳаи Ваҳдатобод яке аз пуродамтарин масҷидҳои кишвар маҳсуб мешуд. Тӯраҷонзодаҳо дар мавҷи таъқиботи солҳои охир аз минбари масҷид, аз ҷумла аз масҷиди ҷомеи пуртарафдоре, ки дар деҳаи худ сохта буданд, маҳрум шуданд, вале то кунун мақомоти амниятӣ аҳли ин хонаводаро аз ин бештар кор намегирифтанд.

Дар аввали моҳи январ, бино ба хабарҳои расида, мақомоти ВКД дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон даҳҳо нафарро, асосан хатмкардагони мактабҳои олӣ ва мадрасаҳои Покистон, Эрон ва Мисрро боздошт карданд. Мақомот расман шарҳе дар ин бора надодаанд, вале манобеи гуногун мегуфтанд, ки ин боздоштҳо дар чорчӯби парвандаи “Ихвон-ул-муслимин” сурат гирифтааст. “Ихвон-ул-муслимин” як созмони мазҳабист, ки дар Миср таъсис ёфтааст ва намояндаашМуҳаммад Мурсӣ солҳои 2012-2013 ҳатто ба мақоми раисиҷумҳури Миср расида буд. Мурсӣ соли 2013 дар натиҷаи табаддулоти давлатӣ барканор гардида, боздошт шуд ва дар зиндон даргузашт.

Фаъолияти “Ихвон-ул-муслимин” дар Тоҷикистон аз соли 2006 манъ шудааст ва соли 2016 ҳудуди 20 нафар, аз ҷумла чанд имом-хатиб бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин созмони мамнӯъ маҳкум ба зиндон шуда буданд.

Аммо мавҷи ахири боздоштҳо бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин созмон дар Тоҷикистон аз лиҳози вусъат ва шумори боздоштшудаҳо бесобиқа мебошад.

Бино ба гуфтаи як манбаи радиои Озодӣ, то кунун дар робита ба ин қазия 70 парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Вале ба гуфтаи ин манбаъ, боздоштҳо ҳанӯз идома доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад